Баргашт Чоп кардан

СУҒД: РӮЗИ ТАНТАНАИ САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ МУБОРАК!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2016 таҷлил мегардад, пеш аз ҳама, баёнгари садоқат ва муҳаббати мардуми кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба рӯзҳои таҷлили Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар ҳаёти мардум таҳаввулоти амиқ ва дигаргуниҳои бунёдии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро ворид намуд, рост меояд.
Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти Суғд, ин санаи басо муҳиму сарнавиштсоз – Рӯзи Президентро бошукӯҳ ва манзалати хос истиқбол мегиранд. Ин бе ваҷҳ нест, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992, дар шароити ниҳоят душвору сангин барои миллати куҳанбунёду тамаддунофар фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, ҷавонмарди далеру шуҷоъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омада, миллатро бо талошу ҷоннисориҳои хеш аз вартаи нобудшавӣ ҳифз карду Тоҷикистонро ба як кишвари рушдёфтаву ҳуқуқӣ ва демократӣ мубаддал сохт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва неруи тавонбахши ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Дар қатори дигар гӯшаҳои ин Ватани маҳбуб, вилояти Суғд низ маҳз дар партави таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии ин фарзонафарзанди миллат рушду пешрафти доимӣ дорад. Мардуми вилоят аз хурд то бузург барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ҳамеша аз Пешвои муаззами худ шукргузоранд. Маҳз эътиқоду боварӣ ба Роҳбар боиси дилгармии сокинони сарбаланди вилоят ба меҳнат ва ободониву созандагӣ гаштааст ва онҳо дар иҷрои фаъолияти хеш ба натиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Масалан, агар даромади буҷети вилояти Суғд понздаҳ сол қабл ҳамагӣ ба 430 миллион сомонӣ расида бошад, дар соли 2025 то 5 миллиарду 816, 1 миллион сомонӣ боло рафт, ки дар қиёс 13,5 маротиба зиёд мебошад. Нишондиҳандаи даҳ моҳи сипаришудаи соли равон низ аз он далолат медиҳад, ки иҷрои нақшаи даромадҳо на кам аз 105,8 дарсад таъмин хоҳад гашт.
Мусалламан, ҳамаи ин рушду нумӯ дар самтҳои хоҷагии халқи вилоят, пеш аз ҳама, аз таваҷҷуҳи доимӣ ва рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Бо истифода аз фурсат, ба муносибати ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои миллат тақдирсоз ва Рӯзи Парчами давлатӣ миннатдории самимии мардуми вилоятро ба Пешвои муаззами миллат мерасонем. Сокинони сарбаланди вилояти Суғд минбаъд низ дар роҳи татбиқи саривақтиву сифатноки дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам рушди бештари Тоҷикистони азиз тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу малакаи худро ба харҷ медиҳанд. Мо боварии комил дорем, ки зери роҳбарии хирадмандона ва оқилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз натиҷаҳои баландтарро муваффақ хоҳем шуд.
Рӯзи Президенти Тоҷикистон муборак!


Бо арзи эҳтиром ва муҳаббати бепоён
аз номи хурду бузурги вилояти Суғд