Баргашт Чоп кардан

БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ


15-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи вохӯрии машваратии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ – Ҳирот тарҳрезӣ шудааст.
Масоҳати Марказ зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар чор тарафи бино дарвозаҳо бо баландии 34 метр сохта шуда, дар Марказ гунбази 65-метра қомат меафрозад.
Ба меҳмонони олиқадр дар бораи сохтори Марказ маълумот пешкаш гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳрасти миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст. Галереяи намоишгоҳ бо ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногуни таърих ва китобхонаи калон бо 100 ҳазор дастнавис аз имконоти дигари Марказ мебошад.
Дар Марказ ба меҳмонони олимақом дар бораи саҳми донишмандони бузурги сарзамини Мовароуннаҳри бостон дар рушди тамаддуни башарӣ, ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ маълумоти муфассал пешкаш шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супурдани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки Озмуни Ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ баргузор мегардад. Ба ғолибон дар ҳар номинатсия муҷассама, диплом ва мукофотпулӣ дода мешавад.
Аз Тоҷикистон дар ин маросим муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар дар номинатсияи «Мероси фарҳангӣ» соҳиби Ҷоиза гардид.