14-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, ба ин мансаб таъин гардид. Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Франсия, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин шуданд.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезондани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда, дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд.