Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСОСГУЗОРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


Мардуми тоҷик дар ҷараёни таърихи чандҳазорсолаи худ барои ҳифзи марзу бум ва нангу номуси худ ҷонбозиҳои зиёд карда буд ва саҳифаҳои таърих аз корнамоиҳои фарзандони қаҳрамону сарсупурдааш ҳикоятҳои зиёд доранд. Дар осори таърихӣ ва адабӣ, ки, хушбахтона, хазинаи миллати тоҷик аз онҳо ниҳоят ғанӣ мебошад, ба ганҷҳои шойгони афкори писандида ва насиҳатҳои арзанда зиёд дучор мешавем, ки донистану истифодаи онҳо дар амал барои худшиносию худогоҳии фардӣ ва миллӣ аҳамияти бузург доранд ва метавонанд раҳнамои амалҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ қарор бигиранд.
Яке аз мутафаккирони асри XVII Хоҷа Самандари Тирмизӣ, ки таҷрибаи зиёди корҳои сиёсӣ ва дипломатӣ доштааст, дар асараш «Дастур-ул-мулук» менигорад: «Азизи ман, сарварӣ чунин касро зебад, ки сар аз гиребони машаққат тавонад баровард ва раият дар замони сарафрозӣ осуда тавонад буд ва ӯ сар ба болини осоиш наниҳад. Байт:
Аз он шоҳ осоиш ояд падид,
К-аз осоиши худ тавонад бурид».
Масалан, суханони Исмоили Сомонӣ «Ман бораи Бухороям», баёнгари иродаи қавии ӯ барои муҳофизати халқаш аз ҳуҷуми саҳроиён буд, ки барои муҳофизат аз онҳо мардуми Бухоро солҳои зиёд деворҳои баланд месохтанд, ҳашарҳои доимӣ мекарданд. Мувофиқи ахбори Наршахӣ, мардум аз ин деворсозиҳо хеле хаста шуда буданд, зеро харҷи он ҳама вақт меафзуд. Бинобар ин, ҷуръат ва бовари Исмоили Сомонӣ ба худаш ва қудрати лашкараш эътимоди халқро ба ӯ зиёд карда, оромиро дар кишвар таъмин намуда буд.
Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Никсон мегӯяд: «Идораи сиёсат бештар аз як фан аст. Ҳарчанд ки баъзе фунун барои идораи он зарурӣ бошад ва ба як маънӣ идораи як муассиса наср аст ва идораи сиёсат шеър. Мардум бо далел ва бурҳон қонеъ мешаванд, аммо бо ҳаяҷон дучори таассур мешаванд. Зимомдор бояд дар айни ҳол онҳоро қонеъ ва мутаассир созад. Раиси як муассиса доир ба имрӯзу фардо меандешад, вале сиёсатмадор бояд ба фикри пасфардо бошад». Никсон дар бораи оянда ибрози назар намуда, гуфтааст: «…касоне, ки аз мутолааи таърих ғафлат варзиданд, маҳкум ба такрори он буданд. Ва билъакс, агар раҳбарони сиёсии якунсур ояндаро дуртар аз пешиниёни худ медиданд, аз ин ҷониб буд, ки бар рӯйи дӯши касони пеш аз худ, савор будаанд». Манзури Никсон аз таърих ибрат гирифтан ва ба бузургони гузашта такя намудан аст.
Хушбахтона, чунин шахсият дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ зуҳур намуд ва низоъро ба раванди оштию ваҳдати миллӣ табдил дод.
Аз рӯзҳои аввал дар меҳвари фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат принсипи муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ қарор гирифт, ки мувофиқи он, чунонки узви собиқи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Жан Пикте таъкид кардааст: «Зарурати амалиёти низомӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша бояд бо эҳтиром ба инсон тавъам бошанд».
Ҳангоми омӯхтани таърихи халқамон маълум мешавад, ки дар давраҳои ниҳоят тақдирсоз шахсиятҳое ба майдони сиёсат, илм ва адаб арзи вуҷуд намудаанд, ки ба туфайли истеъдоди фавқулода ва зиракию ояндабинӣ дарки дурусти набзи замон ва тақозои он давлату ҷомеаи худро пеш бурданд ва аз фалокатҳо эмин доштанд.
Солҳои пурошӯби 90-уми асри ХХ, гурӯҳҳое, ки бо амалҳои зиддиконститутсионӣ мехостанд давлати исломӣ ба вуҷуд оваранд, элитаи зоҳиран ташаккулёфта, вале дар асл «элитаи имконӣ» буданд, ки амали воқеъбинона надоштанд ва дар муайян кардани таносуби қувваҳои ҷомеа ва элитаҳои сиёсӣ нотавонии худро нишон доданд.
Воқеаҳои Югославия, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Украина ва ғайра собит месозанд, ки буҳрони ҷаҳонии либералӣ шеваҳои бераҳмонаи муборизаро дар шаклҳои фоҳиш ва фоҷиабор падид овардааст. Воқеаҳои солҳои гузашта, аз ҷумла пандемияи COVID-19, нишон медиҳад, хатарҳои глобалӣ, ки фарогири минтақаҳои гуногуни ҷаҳонанд, бештар ва амиқтар шуда истодаанд. Агар аз мавқеи диалектика назар кунем, пас дар ҷомеаи кунунии инсонӣ ба ғайр аз зиддиятҳои берунӣ, яъне зиддиятҳои инсоният бо табиат, зиддиятҳои дохилинавъӣ, яъне зиддиятҳои байниинсонӣ шадидтар шуда истодаанд.
Дар чунин шароити нигаронкунандаи ҷаҳони муосир дурандешии сиёсӣ ва ҷасорати шахсӣ, ки дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон зуҳур намудааст, имконияти аз ин таъсир берун омадан ва қарорҳои мустақилона ва созгор бо манофеи миллӣ қабул карданро фароҳам овард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъалаҳоро хуб дарк карда, то ҷое имкон буд, барои аз хатарҳои муосир наҷот додани давлат ва миллат кӯшиши хастагинопазир карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ воқеаҳои гузаштаро таҳлил карда, чунин гуфтанд: «…як гурӯҳ душманону хоинони миллати тоҷик низ буданд, ки рӯирост бар зидди раванди сулҳ ва суботи ҷомеа монеаҳои зиёд эҷод мекарданд, ба оғози фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, баргаштани гурезаҳо сахт муқобилият мекарданд ва ҳатто баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ҳам чандин маротиба бо ҳидояту дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба табаддулоти низомӣ заданд».
Таҳлилҳои Эмомалӣ Раҳмон аз таҳлилҳои баъзе коршиносони хориҷӣ тафовут дорад. Бар хилофи онҳое, ки дар чунин низоъҳо дини исломро айбдор мекунанд, Роҳбари давлат, баръакс, дини исломро аз чунин айбдоркуниҳо ҳимоя кардаанд. Ақидаи Пешвои миллат дар ин бора чунин аст: «Суиистифода аз дину мазҳаб боиси пайдо шудани таъбирҳое мисли экстремизми динӣ, экстремизми исломӣ ва монанди инҳо гардидааст. Дар асл ба дини ислом нисбат додани экстремизм ба ҷуз ғаразҳои сиёсӣ, бадном кардани он ва мардуми мусулмон ҳадафи дигаре надорад. Аз тарафи дигар, гурӯҳҳо ва созмонҳои экстремистие ҳастанд, ки гоҳо дар либоси динӣ намоён мешаванд, то ин ки ақидаву мақсадҳои онҳо дар байни мардуми диндор тарафдор пайдо намоянд».
Бояд гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон рӯзи интихоб шуданашон ба мақоми олии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат истеъдоди фитрии сарварӣ ва сазовор буданро барои иҷрои вазифаҳои бузурги таърихи навин ҷасурона нишон доданд. Аз ҳамон рӯз масъулияти бузургро дар назди халқу Ватан бо ифодаи суханони басо сода, вале ваъдаи наҷотдиҳандаи миллат аз дами тӯпу теғ «Ман ба Шумо сулҳ меорам!», ба дӯш гирифтанд. Ин гуфтаҳо суханони Исмоили Сомониро, ки пештар зикр кардем, «Бораи Бухоро манам» ба ёд меоранд.
Дар ҳамон вазъияти ниҳоят душвор ва хатарнок муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далериву ҷасурӣ масъулияти бузурги сарнавишти халқи тоҷик ва давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба дӯш гирифтанд ва эълон карданд, ки барои иҷрои ҳадафҳои олии миллӣ ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.
Бояд гуфт, ки сарнавишти давлату миллат дар он лаҳзаҳои таърихӣ, ба ибораи мардум, «дар сари мӯй қарор дошт». Зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсати замон ва душвортарин лаҳзаи таърихи тоҷикон ба будан ё набудани миллату давлат бояд ҷавоб медод. Хушбахтона, таърих ба ин суол ҷавоби мусбат дод ва Раиси Шурои Олии тозаинтихобшуда бори вазнини масъулияти таърихиро ба зимма гирифтанд.
Ҷойи таъкид аст, ки фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо душвор аз он буд, ки иттиҳоди мусаллаҳи мухолифин дар хориҷ ва дохили кишвар амал мекарданд ва воқеан неруи барои давлат хатарнок маҳсуб мешуданд, балки дар дохили Қувваҳои Мусаллаҳи давлатӣ низ гурӯҳҳои бебандубор ва душворидорашаванда низ амал мекарданд. Гурӯҳҳои номаълуми силоҳбадасти ғоратгару авбош низ бо суиистифода аз вазъият амалҳои харобкориро анҷом медоданд ва онҳоро бесилоҳу безарар гардондан дар он шароит кори осон набуд. Ҳама рӯз ба ҷони Сарвари давлат ва ҳамсафони ӯ хатарҳо таҳдид мекарданд.
Дурандешӣ ва тафаккури стратегии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори типи нав ва Пешвои миллат дар он зуҳур ёфт, ки бо дарки нангу номус барои ба Ватан овардани гурезагон, махсусан аз Афғонистон, ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ доданд. Ин иқдом аввалин ва душвортарин вазифаи Сарвари давлат дар таъмини ваҳдати миллӣ буд, ки дар он рӯзҳои пурошӯб на ҳар гурӯҳу ҳизби сиёсӣ аҳамияти муборизаи лидери нави сиёсиро дарк карда, баҳои дуруст дода метавонист.
Натиҷаи ҳамин ҷонбозиҳо буд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид. Ва аз ҳамон рӯз, ки башорати сулҳ ва ваҳдати тоҷикон баъд аз муқовиматҳои чандинсола ба мардуми кишвар расид, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат амалан эътироф гардиданд. Бовари мардум ва меҳру муҳаббаташ ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза зиёд гашт, зеро аввалин ва заруртарин шарти зиндагии мардуми ҳар кишвар таъмини амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Мутаассифона, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои оғози истиқлоли давлатӣ дар кишварамон ятимону бевазанону бечорагон зиёд шуда буданд ва дар он шароити вазнин онҳоро парасторӣ кардан кори саҳлу осон набуд. Вале муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба ин қишри осебдидаи аҳолӣ, бо вуҷуди мушкилоти ниҳоят зиёд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар ин бора Аҳмади Дониш гуфтааст: «Подшоҳон падари ятимонанд, бояд ки беҳтар аз он ғам хӯрад, ки ятимро падар бувад, то фарқ бувад миёни падари дарвеш ва падари подшоҳ».
Албатта, таъмини амният ва зиндагии осуда барои мардум вазифаи ҳар сарвари давлат мебошад. Ҳар андоза ин вазифа беҳтар иҷро шавад, ҳамон қадар зиндагии мардум осуда шуда, аҳолӣ бештар саодатманд мешавад ва маҳбубияти сарвари давлат меафзояд. Дар шароити озодӣ ва таъмини ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тадбирҳои одилона дар зеҳни мардум нақши равшан мегузорад. Хоҷа Самандари Тирмизӣ навиштааст: «Азизи ман, иртикоби машаққат кори мардони фард аст ва пешаи шерони бешаи набард. То домани салотин ба хори озор нарасад, заифону раиятро дар гулистони фароғат гули рафоҳият нашкуфад. То пойи талаб ба бодия напаймояд, сари дарвешонро сомон ба болини роҳат нарасад, чунонки гуфтаанд:
Наёсояд андар диёри ту кас,
Ки осоиши хеш хоҳию бас».
Ният, ваъда ва амали муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷорӣ кардани сулҳ, эҷоди фазои орому осуда барои зиндагии мардум, тақвияти илму маориф ва ҳалли муаммоҳои муҳимтарин ва таъхирнопазири давлатӣ равона шуда буд. Иқдоми муҳими сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои муаззами миллатро дар масъалаи муносибат ба занон низ равшан мебинем. Бояд зикр кард, ки дар мубориза алайҳи қонуншиканиҳои табаддулотхоҳӣ як идда занони таҳсилкарда ва шуҷои ҷумҳурӣ дар паҳлуи Сарвари давлат қарор гирифтанд ва дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ нақши бориз доштанд. Бинобар ин, Роҳбари давлат пешрафти ҷомеаро ба нақш ва дониши занон, баланд бардоштани сатҳи таҳсилот ва маърифату фарҳанги онҳо вобаста медонанд. Аз ин рӯ, ҷалби занонро ба тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, корҳои идораи давлатӣ ва ҳатто умури низомӣ зарур донистанд. Ин иқдоми Ҷаноби Олӣ аз дурбинии сиёсияшон шаҳодат медиҳад, ки аз баъзе таҳлилгарони хориҷӣ пештар ва беҳтар зарурати масъаларо эҳсос карда буданд. Масалан, иқтисодшиноси ғарбӣ Дэвид Лэндс дар китобаш «Сарват ва қашшоқии миллат» гуфтааст, ки яке аз дастурҳои фарҳангии кишварҳои мусулмонию арабӣ муносибат ба зан ҳамчун ба мавҷудоти маншаи гуноҳ ва хатар мебошад, бинобар ин, ҳеҷ гоҳ онҳоро ба фазои оммавӣ ё барои иштирок дар корҳои иқтисодӣ роҳ додан мумкин нест. Албатта, фикри Дэвид Лэндс дар мавриди «муносибат ба зан ҳамчун ба мавҷудоти маншаи гуноҳ» дар ислом нодуруст аст. Вале поймол кардани ҳуқуқи зан дар баъзе кишварҳое, ки пайрави дини ислом ҳастанд, бештар ба назар мерасад, бахусус дар мамлакатҳое, ки сатҳи тараққиёташон паст аст ва ё давлат сиёсати беадолатонаро нисбат ба зан раво мебинад, меъёрҳои қонун вобаста ба баробарии ҳуқуқ риоя намешаванд. Хушбахтона, дар кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои бонкӣ ва ғайра ба таъмини адолат ва ҳимояи ҳуқуқи занон диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Пешвои миллат шахсан ба баланд бардоштани мақоми занон ва беҳбуди шароити оила, аз анъана ва расму одатҳои ғайриоқилона озод кардани ҷомеаро ба воситаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати амали онҳо ба роҳ мондаанд.
Масъалаи дигаре, ки, ҳамзамон, бо ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бахусус дар радифи чаҳор ҳадафи стратегӣ (раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ; ҳалли проблемаи энергетикӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатисозии кишвар) мебоист мавриди назар қарор бигирад, таҳлили вазъи фарҳанг ва тафаккури миллӣ буд. Сатҳи худшиносии миллӣ дар давраи шуравӣ то андозае ташаккул ёфта бошад ҳам, вале он ноқис буда, анъанаҳову суннатҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра аз сатҳи давлатӣ дур шуда буданд. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат ба эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таърихи халқамон ҳамчун ҷузъи муҳими маҷмуи унсурҳои ташаккулдиҳандаи миллат руҷуъ намуданд ва дар як фурсати кӯтоҳи таърихӣ дар ин самт низ муваффақ шуданд.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки иқдомҳои фарҳангӣ ва илмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи корҳои фундаменталии ишон дар фаъолияти сохтмони давлати навини миллӣ буда, асоси маънавиёти ҷомеаро ташкил медиҳанд.
Метавон гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Истиқлоли давлатии Тоҷикистон як ҷо пеш рафтанд, барои таҳкими пояҳои он хастагинопазирона мубориза мебаранд, барои вусъати ҳамкориҳо ва робитаҳои гуногунҷабҳа бо тоҷикони бурунмарзӣ тадбирҳо меандешанд, бори бузурги амонати таъриху давлатро мекашанд, то ки халқи соҳибдавлати тоҷик хушбахту сарбаланд бошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори бузурги миллӣ ва байналмилалӣ мактаби навини давлатдории тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки бисёр шахсиятҳои намоёни сиёсии давлатҳои дигар онро эътироф кардаанд.
Хислатҳои нек ва фазилатҳои бузургворонаашон барҳақ эҳтироми самимонаи мардуми кишвар ва тоҷикони ҷаҳонро ба вуҷуд овардааст. Ҳамин унвони ифтихорӣ, яъне Пешвои миллат, ки миллати тоҷик ба шахсияти бузурги байналмилалии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст, дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ва барои ояндагон ҳамчун намунаи ҷоннисорӣ ва фидокорӣ ба миллату Ватан ҷовидона хоҳад монд. Барҳақ, устод Турсунзода фармудаанд:
Касе, ки боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар ҷо дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.


Кароматулло ОЛИМОВ, академик