Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ХИРАД ВА МАЪРИФАТ


Шинохти Пешвои миллат фаротар аз самтҳои тасвирӣ, сиёсӣ ва равоншиносӣ буда, падидаест, ки фақат бо забони виҷдон, бо тафсири (герменевтикаи) маъно ва бо ҳастии масъулияти таърихӣ дарк мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шахсияти таърих, балки офарандаи маънии давлат ва ҳувияту ғурури миллат мебошанд. Ин марди фардонигар ҳамчун таҷассум ва таълимгари виҷдони миллӣ маърифат мешаванд.
Он ҷо, ки таърих хомӯш мешавад, виҷдон сухан мегӯяд. Шахсияти Пешвои миллат ҳамчун фосилаи зиндаи байни ҳофизаи таърихӣ ва ахлоқи муосир зуҳур меёбад. На танҳо муаррифгари роҳи таърихии миллат, балки тарҷумони виҷдони ахлоқии ҷомеаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатро бо хираду ахлоқ пайванд кардаанд. Бо ҳикмати ботиниашон ва масъулияти маънавӣ давлатро роҳнамоӣ намуданд. Он чи Сарвари кишвар мекунанд, на танҳо ба хотири қудрат, ҳамчунон, барои эҳёи фарҳанги арзишманд ва ҳастии маънавӣ мебошад. Пешвои миллат ҳамчун ҳомии ҳикмат ва бунёдгузори ахлоқи ҷамъиятӣ ба муъҷизаи маърифатӣ табдил ёфтанд.
Пешвои миллат будан, маънии аз нав таъриф кардани ҳудуди масъулият ва худшиносист. Ин марди фозил бо ҳушмандии ахлоқӣ ва бо чашми ақлу виҷдон ба хатарҳои эҳтимолӣ менигаранд.
Миллат танҳо замоне миллат мешавад, ки парешонии маънавӣ ба ваҳдати ахлоқӣ табдил биёбад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирад ва садоқат тавонистаанд иродаи парешони миллатро ба як неруи муттаҳид ва созанда табдил диҳанд. Ин фақат роҳбарӣ набуд, балки эҳёи қудрати ботинии миллат ва ҳикмати худшиносист.
Забони Сарвари давлат забони виҷдони бедор мебошад. Ҳар суханашон на танҳо ифодаи ирода, балки ҳамчун заминаи ахлоқӣ ва рамзи тафаккури миллӣ садо медиҳад.
Барои ин марди фардонигар Ватан танҳо ҷуғрофия нест, балки ҳудуди виҷдон ва хонаи маърифат мебошад. Ватан дар афкори Пешвои миллат маҳали истиқрори ҳувияти ахлоқист. Дар ҷаҳоне, ки манфиат ҷойгузини маъно мешавад, Пешвои миллат рамзи бозгашт ба ормонҳои маънавиянд. Инсони ормонӣ ва, ҳамзамон, чеҳраи воқеиянд. Бо рафтор ва сиёсати хирадмандонаашон таълим медиҳанд, ки ормон низ ҳақиқат аст, агар он аз виҷдон сарчашма бигирад.
Агар файласуф ҳақиқати вуҷудро бишносад, Сарвари кишвар онро ба вуҷуд меоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалсафаи давлатдориро дар амал татбиқ намуда, он чи файласуф бо сухан мегӯяд, бо зиндагии худашон нишон додаанд.
Ин абармарди арсаи сиёсат таърихро танҳо гузаштаи воқеаҳо намедонанд, балки ҳамчун майдони ахлоқии интихоб ва масъулият дарк месозанд. Барояшон ҳар тасмими сиёсӣ, ҳар иқдоми иҷтимоӣ бояд реша дар арзишҳои ахлоқӣ дошта бошад. Баъзан хомӯшӣ аз ҳазор сухан пурмаънотар аст. Президенти мо дар лаҳзаҳои душвор бо хомӯшии маънидор, бо иродаи ботинӣ ва тавозуни ақлӣ иртибот мегиранд.
Марди фарзона сиёсати ҷаҳониро бо забони масъулияти инсонӣ мефаҳманд, ҷаҳони муосирро на танҳо мисли маҷмуи давлатҳо, балки ҳамчун фазои маънавии ҳамзистии инсонҳо мебинанд. Аз ин рӯ, дипломатияи Пешвои миллат бо фалсафаи таҳаммул, ҳамзистӣ ва ахлоқи инсондӯстӣ пайванд дорад.
Маърифат танҳо дониш нест, он роҳи шинохти заминаи таърих, арзиш ва иродаи виҷдонии миллат аст. Маърифат вақте миллӣ мешавад, ки шахсияте онро аз ҳолати тасодуф ба ҳолати рисолат расонад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳамин ҷараёнро ба амал овардаанд: аз миллат ҷомеа сохтаанд ва аз ҷомеа маъно.
Сулҳ дар фаҳмиши Пешвои миллат як маъракаи сиёсӣ нест, балки воқеияти ҳикмати ахлоқист. Дар шароити ногувори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо забони виҷдон ва бо чашми таҳаммул миллатро ба сулҳ даъват карданд. Сулҳи Пешвои миллат маҳсули тавонмандии Роҳбарест, ки ба виҷдони мардум бовар дошт.
Марди сулҳовар таълим доданд, ки маърифат ҷараёни татбиқи қонуни ботинии зиндагист. Пешвои миллат маърифати ахлоқиро дар сатҳи сиёсати давлатӣ ворид карданд ва бо ин амал нишон доданд, ки тарбияи виҷдон ҳамсон бо таҳкими давлат мебошад.
Пешвои миллат ҳикмати бузургворонае доранд, ки аз таассуб холист ва аз хоксорӣ обод аст. Фазилатро дар амал меҷӯянд, на дар таъриф. Хоксории ин инсони беназир шакли олитарини ахлоқи давлатдор аст. Ин хоксорӣ қудрати виҷдонист, ки зоҳир намешавад, аммо ҳама онро эҳсос мекунанд. Ҳикмати давлатдорӣ, агар бо ахлоқ пайванд наёбад, сард мемонад. Президенти кишвар нишон додаанд, ки давлат вақте вуҷудӣ мешавад, ки ба муҳити ахлоқӣ табдил ёбад.
Рисолат фақат кор нест, балки қабули масъулият дар назди замон, виҷдон ва миллат мебошад. Сарвари давлат шахсияти таърихсоз буда, девори маънавие ҳастанд, ки давраҳоро аз ҳам ҷудо кардаанд: аз парешонӣ ба ваҳдат, аз гумшудагӣ ба худшиносӣ, аз ҷаҳолат ба маърифат.
Таърих ба ҳар кас имкон медиҳад, вале на ҳар кас онро рисолат мекунад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихро интизор нашуданд, таърихро сохтанд ва лаҳзаҳои мушкилро ба маънавиёт табдил доданд. Рисолат, агар бо худбоварӣ набошад, вазифа мемонад. Ин марди дурандеш бо рисолати худашон миллатро аз хоб бедор карданд, аз хоби табиӣ не, аз хоби таърихӣ.
Пешвои муаззами миллат ояндаро танҳо пешгӯӣ накардаанд, балки сохтани онро дар амал таҷассум карданд, бо хирад ва масъулияти таърихӣ на танҳо имрӯзро амн сохтанд, балки ояндаро имкони рушд доданд.


Далер КОМИЛОВ,
мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии
ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода, дотсент,
Ҷамшед БОЙЗОДА,
дотсенти кафедраи ҷамъияти Академияи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон