![]()
Давлатҳое ҳастанд, ки тақдирашон ба шахсияти раҳбарони онҳо алоқаманд аст. Ҳастӣ, рушду нуму, нуфузи Тоҷикистони муосир ба номи Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон марбут аст. Номи Эмомалӣ Раҳмон ба ғояи сулҳ, созандагӣ ва эҳёи миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
ПРЕЗИДЕНТЕ, КИ СУЛҲ ВА УМЕДИ МАРДУМРО БАРГАРДОНД
Аввали солҳои 1990 Тоҷикистон давраи бисёр сангинро пушти сар мекард. Ҷанги шаҳрвандӣ, харобӣ, аз даст додани эътимод ва умед, ба ин давлати ҷавон хатари аз байн рафтан таҳдид мекард. Дар ҳамин лаҳзаҳои ноумедӣ соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуданд ва миёни оташи ҷангу муқовимати гурӯҳҳои силоҳбадаст сухан аз сулҳу ваҳдати миллӣ гуфтанд. Бо талошу азхудгузариҳои зиёд, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди муҳим як гардиши тақдирсози таърихӣ ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон рамзи сулҳу ваҳдат гардиданд.
«Сулҳ муқаддастарин ганҷи мардум аст ва онро чун гавҳараки чашм бояд нигоҳ дошт». Ин суханони Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шиор буд, балки паси он ҷонбозиҳову азхудгузариҳо ва қадамҳои мушаххас қарор дошт: музокирот, баргардондани гурезаҳо, барқарорсозии хонаҳо ва мактабҳои харобшуда, гузашту афвҳо. Аз ин роҳ эҳёи нави Тоҷикистон оғоз шуд...
ВАЗИФАИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ: НИГОҲ ДОШТАНИ СУЛҲ, МУСТАҲКАМ КАРДАНИ ДАВЛАТ ВА РОҲНАМОӢ БА ОЯНДА
Вақте дар бораи рисолати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан меронем, мо на танҳо солҳои роҳбариашонро, балки умқи фалсафаи хизматҳояшонро ба Ватан ба ёд меорем. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ҳамеша таъкид месохтанд, ки ҳокимияти сиёсӣ бартарият набуда, балки масъулият дар назди халқ ва таърих аст. Вазифаи асосии Ҳукумат – хизмат ба мардум аст ва дар баробари ин, қарзи ҳар шаҳрванд бо меҳнату сарҷамъӣ ва ваҳдат обод кардани кишвари худ аст. Ин суханони шаклан сода, вале моҳиятан қавӣ принсипи бунёдии сиёсати дохилии Тоҷикистон гардид. Сулҳу суботе, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба даст омад, аз орзу ба воқеият табдил ёфт ва имрӯз мардуми кишвар дар фазои амният, ризоияти миллӣ ва бовар ба оянда зиндагӣ мекунад.
ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ: ИНСОН – МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ
Яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати Сарвари давлат ин аст, ки дар маркази ҳамаи ислоҳот инсон қарор дорад. Президенти мамлакат борҳо таъкид намуданд, ки неруи воқеии давлат на бо андозаи лоиҳаҳои иқтисодӣ, балки бо сатҳи зиндагӣ, некуаҳволӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба фардо муайян мегардад. Аз ин рӯ, сиёсати иҷтимоии кишвар, пеш аз ҳама, ба дастгирии аҳолии деҳот, тавсеаи имкониятҳои таҳсил ва тандурустӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои худтакмилдиҳиву фаъолияти созандаи аҳолӣ, махсусан занону ҷавонон, равона шудааст. Ин равиш Тоҷикистонро ба давлати иҷтимоӣ ва инсонмеҳвар табдил додааст, ки дар он рушди ҷомеа бо эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва манфиати шаҳрвандон ҳамоҳанг аст.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон фармудаанд:
«Ман ҳамеша худро дар назди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъул мешуморам. Сарнавишти онҳо сарнавишти ман аст». Ин стратегия ба як андешаи амиқ такя мекунад – Ҳукумат бояд ба мардум наздик бошад. Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари худ ба минтақаҳо, шахсан бо сокинон вомехӯранд. Ин танҳо шакли муоширати сиёсӣ набуда, ҳамзамон, фарҳанги эътимод ва робитаи зиндаи Ҳукумат бо ҷомеа аст. Ин мавқеъ сабаби шаклгирии як услуби вижаи идоракунӣ гардид: идоракунӣ на аз боло, балки тавассути иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар раванди рушди кишвар. Ин усул, ки бар асоси ҳамкорӣ ва бовар қарор дорад, имрӯз яке аз пояҳои устувори сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
ГУМАНИЗМ ВА ҲИФЗИ ҲУВИЯТ
Яке аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувор ва андешамандонаашон дар самти ҳифзи ҳувият ва маънавиёту ахлоқи ҷомеа мебошад. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки таҳриф ва суиистифодаи арзишҳои динӣ, гаравидан ба равияҳои радикалии бегона ба сулҳу субот ва фарҳанги миллии тоҷикон хатар эҷод мекунад. Роҷеъ ба ин масъалаи муҳим, Роҳбари давлат зимни яке аз суханронияшон хеле бамаврид таъкид намуданд: «Ислом дини сулҳ, некукорӣ ва инсонгароист. Мо набояд иҷозат диҳем, ки номи дину эътиқод воситаи парокандагӣ ва ифрот гардад».
Бо роҳбарии оқилона ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат, Тоҷикистон ба намунаи давлате табдил ёфт, ки дар он имону эътиқод ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ арзи вуҷуд доранд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки эътиқод на дар зоҳир, балки дар ахлоқи ҳамида, ростқавлӣ, нексириштӣ ва эҳтироми байни инсонҳо таҷассум меёбад. Маҳз ин равиш имкон дод, ки паҳншавии ғояҳои ифротӣ миёни ҷавонон пешгирӣ шавад ва эҳсоси ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз фарҳанги миллӣ тақвият ёбад. Сиёсати давлат дар заминаи маърифат, таҳаммулпазирӣ ва бедории фикрӣ имрӯз ба василаи боэътимоди муқовимат бар зидди ифротгароӣ ва таҳдидҳои идеологӣ табдил ёфтааст.
ФАРҲАНГ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди иқтисод бидуни рушди маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа имконнопазир аст. Ҷаноби Олӣ фарҳангро на ҳамчун ороиши иҷтимоӣ, балки ҳамчун асоси шиносномаи миллӣ медонанд. Бо ҳамин мазмун дар яке аз баромадҳояшон гуфтанд: «Фарҳанг решаи миллат аст. Бе он мо хотира, забон ва руҳи худро аз даст медиҳем».
Сиёсати фарҳангӣ ва маънавии Пешвои миллат ҳифзи шиносномаи миллӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ мебошад. Ин сиёсати мутавозин бар асоси эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, ҳамоҳангӣ бо замони муосир ва синтези мероси таърихӣ ва тафаккури муосир ба роҳ монда шудааст.
ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДИПЛОМАТИЯИ ҲАМҶАВОРӢ БО МАҚСАДИ РУШДИ УСТУВОР
Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун роҳбари ташаббускор эътироф гардидаанд. Ибтикороти Пешвои муаззами миллат дар самти ҳифзи захираҳои об, пешгирии чолишҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ пазируфта шудаанд. Ба шарофати дипломатияи фаъоли Роҳбари давлат, Тоҷикистон майдони музокироти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардид. Дар давраи буҳронҳои глобалӣ, кишвар тавонистааст сиёсати хориҷии беғарази мустақилро, ки бар асоси принсипҳои дарҳои боз, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек қарор дорад, нигоҳ дорад.
ОЯНДА ДАР ДАСТИ ОНҲОЕ, КИ БА ХУД БОВАР ДОРАНД
Имрӯз Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушд қарор дорад: гузариш ба иқтисодиёти донишбунёд, «технологияҳои сабз» ва идоракунии рақамӣ. Ин самтро маҳз Пешвои миллат муайян кардаанд.
Тавре ки Ҷаноби Олӣ борҳо таъкид намуданд, “мо бояд ба оянда бо эътимод нигоҳ кунем”. Вазифаи мо иборат аз он аст, ки ба наслҳои оянда Тоҷикистонеро боқӣ гузорем, ки шукуфон, ободу осуда бошад. Ин суханон ба ҳар як шаҳрванд ёдрас мекунад, ки рисолати Эмомалӣ Раҳмон на танҳо идора кардани кишвар, балки илҳомбахшии мардум барои ҳаракат кардан ба пеш, ба ояндае, ки дар он ҳар як тоҷикистонӣ худро ҳамчун эъморгари Ватан эҳсос мекунад.
ПРЕЗИДЕНТИ БА МАРДУМ ЭЪТИМОДБАХШ
Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардум на танҳо барои роҳи паймуда ва дастовардҳои гузашта, ҳамчунин, барои ояндаи равшану дурахшон ба Пешвои миллат арзи миннатдорӣ менамояд.
Вақт нишон дод, ки Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки рамзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари хирадманд ба марҳалаи рушди устувор ва боэътимод ворид шуд. Муҳимтар аз ҳама, руҳияе, ки бо он мардум ба неруи хеш, ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ эътимод пайдо кард, таҳким ёфт.
ХУЛОСА: БУЗУРГИИ КИШВАР АЗ ДИЛУ НИЯТИ БУЗУРГИ РОҲБАРИ ОН ОҒОЗ МЕЁБАД
Имрӯз Тоҷикистон бо эътимод дар роҳи истиқлол, сулҳ ва шукуфоӣ қадам мегузорад. Ин роҳ бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад: шахсе, ки бо меҳнат, ирода ва муҳаббати худ ба Ватан нишон дод, ки шукӯҳу ҳашамати кишвар аз дилу нияти бузурги роҳбари он вобаста аст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи эҳёи давлатдории миллӣ ва рушду суботи он гардиданд. Сиёсати Сарвари маҳбуби давлат на бар пояи зӯриву қудратхоҳӣ, балки сиёсати инсонгароӣ ва ҳимояи шарафу ҳуқуқи инсон асос ёфтааст. Президенти мамлакат таъкид мекунанд, ки неруи давлати мо дар ваҳдат, меҳнат ва имони мардум аст ва бо ҳамин руҳияи зиндагисоз ба ояндаи дурахшон пеш меравем.
Моҳира САНГМАМАДЗОДА,
“Ҷумҳурият”