14-уми ноябр дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Россия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар зимн, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳими тамоми маҷмуи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология, зарур шумурда шуд.
Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гашт.
Дар суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз натиҷаҳои сермаҳсули сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқотҳои сатҳи олии сарварони давлатҳои ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Россия” изҳори қаноатмандӣ шуд.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба идомаи таҷрибаи созандаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.