![]()
Дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Президент ҳамчун сутуни асосии ҳокимияти иҷроия ва рамзи ягонагии давлат нақши таърихӣ дорад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, на танҳо ҷашни сиёсӣ, балки ифодаи эътиқод ба таърихи навини давлатдории тоҷикон ва шахсияти барҷастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин рӯз рамзи эҳтироми миллат ба сарварест, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва иродаи устувораш тавонист Тоҷикистони навбунёдро аз буҳронҳо гузаронда, пояи қонунӣ ва сиёсии давлати муосирро таҳким бахшад.
Дар замони пасошуравӣ, вақте ки кишвар ба гирдоби низоъҳо ва нооромӣ гирифтор буд, маҳз сиёсати оқилона ва иродаи устувори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби бозгашти сулҳ ва ваҳдати миллӣ гардид. Аз ҳамон рӯзҳо, ки сарнавишти давлат дар хатар буд, то ба имрӯз Сарвари давлат тавонистанд як ҷомеаи устувор, давлати дорои қонун ва иқтисоди рушдёбандаро бунёд созанд. Аз ин хотир, Рӯзи Президент рамзи шинохти арзиши сулҳ, рамзи иттиҳоди мардум ва нишонаи миннатдории миллӣ мебошад.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардида, то соли 2016 такмил ёфт, Президент сарвари давлат ва ҳомии Конститутсия мебошад. Ин меъёр на танҳо ҳуқуқу ваколатҳои сиёсӣ, балки масъулияти шахсии Президентро дар таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувор муайян мекунад. Институти президентӣ дар Тоҷикистон натиҷаи ҷараёни мустақими ташаккули давлатдории миллӣ мебошад, ки ҳадафи он таъмини ягонагии ҳокимият, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ аст.
Мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шароити кунунии кишвар, ҳамзамон, хусусияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Аз як ҷониб, Президент роҳбари олии мақомоти иҷроия ва кафили суботи конститутсионӣ бошад; аз ҷониби дигар – шахсияти ҳуқуқиест, ки бо ваколатҳои конститутсионӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии давлатӣ амал мекунад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳамчун «кафили истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ» эътироф шудааст.
Ин мақом дар амал бо сиёсати мутавозини дохилӣ ва хориҷӣ таҷассум меёбад. Дар заминаи сиёсати дохилӣ, Пешвои муаззами миллат ба ташаккули низоми идоракунии қонунбунёд, баланд бардоштани фаъолияти самараноки ҳокимияти давлатӣ ва таҳкими нақши мақомоти судӣ аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.
Рӯзи Президент фурсати муносиби он аст, ки аҳли ҷомеа ба дастовардҳои назарраси давлати худ бо чашми андеша ва шукргузорӣ нигарад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як кишвари пасошуравии номустаҳкам ба давлате табдил ёфтааст, ки дар минтақа ва ҷаҳон мавқеи устувор дорад. Ин муваффақиятҳо на танҳо натиҷаи сиёсати давлатӣ, балки самараи бевоситаи шахсияти Пешвои миллат мебошанд, ки бо тафаккури давлатӣ ва маънавиёти инсондӯстона мардумро муттаҳид кардааст.
Президенти муҳтарами кишвар намунаи олии роҳбаре ҳастанд, ки сиёсати хирадмандонаашон ҳамеша ба сӯйи инсонгароӣ ва адолат равона шудааст. Тоҷикистони биҳиштосо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сиёсати сулҳпарварӣ ва ваҳдатофарини худ фарқ мекунад. Президенти муҳтарами мамлакат бо мақсади ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ дар тамоми суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки “сулҳ аз руҳия сарчашма мегирад, на аз қувва”. Маҳз чунин ҷаҳонбинӣ сабаби он гаштааст, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва намунаи давлатдории устувор шинохта шавад.
Ҳамин тавр, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба як шахсият, балки эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва принсипҳои давлатдории ҳуқуқбунёд арзёбӣ мегардад. Ин рӯз рамзи иродаи миллӣ ва иттиҳоди ҷомеа мебошад. Дар ҷомеаи муосир, ки тағйироти ҷаҳонӣ ва хатарҳои нави иқтисодиву экологӣ онро фаро гирифтаанд, сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат кафолати суботи миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни шахсӣ ё рамзӣ аст, балки ҷашни давлатдории миллӣ, сулҳу амонӣ ва устувории миллӣ мебошад, ки мардумро ба ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ватандӯстиву худшиносӣ, инсондӯстиву меҳнатдӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ даъват мекунад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ на танҳо таҷассумгари роҳбари сиёсӣ, балки намунаи шахсияте ҳастанд, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан зиндагии худро ба хидмати миллат бахшидаанд. Ҳар як ташаббусу иқдом, ҳар як сухану амали Президенти муҳтарам ба рушди мунтазами Тоҷикистон, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронда шудааст.
Аз ин лиҳоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари эҳтирому сипоси самимии наслҳо ба Пешвои муаззами миллат аст – ба он сарварест, ки роҳи сулҳу давлатдории муосирро кушода, арзишҳои таърихии миллиро эҳё намуда, миллати тамаддунофари сарбаланди тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
Шавкат ИСМОИЛОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор