Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РАМЗИ ВАҲДАТ, СУЛҲ, ОЗОДӢ ВА ҲОМИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ



Дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.


Дар ҷамъомад муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори Хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардорони воҳидҳои сохторӣ, ҳайати шахсӣ, ҳамчунин, Мираков Қудратулло Мирмуҳаммадович – номзади илмҳои техникӣ, дотсент ва Шомуддинов Олимҷон Давлатович– устоди калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳурматзода Иззатулло Зариф таъкид кард, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки масъулияти наҷоти давлат ва ояндаи миллатро бар дӯш гирифта, мардумро аз хатари фурӯпошӣ раҳо месозанд. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX миллати тоҷик бо буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва кишвар ба роҳбари дурандешу хирадманд ниёз дошт. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 баргузор гардид, ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, – мегӯяд Ҳурматзода Иззатулло Зариф.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори даврони нав бо нияти пок, ҷасорату матонат ва хизмат ба халқу Ватан ба саҳнаи сиёсат ворид гашта, нақши ҳалкунанда дар расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа гузоштаанд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаву хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, сулҳу оромӣ дар кишвар пойдор ва заминаи таҳаввулоти васеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам гардид.
Иштирокдорони маҷлис дар идома вобаста ба аҳамияти идоракунии давлати президентӣ, нақши Президент дар таъмини сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи давлатдорӣ изҳори андеша намуданд.
Таъкид шуд, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бор овардани сулҳу оштӣ ва таъмини суботи пойдор мебошад. Дар аҳди истиқлол тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушд намуда, корҳои ободонӣ, созандагӣ ва татбиқи барномаҳои миллӣ бо маром идома доранд.
Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки таҷлили ин рӯз нишони арҷгузорӣ, эҳтиром ва садоқати мардуми тоҷик ба Сарвари давлат мебошад.
Ӯ таъкид намуд, ки сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор менамояд, то барои таҳкими рукнҳои давлатдории навини миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми неру, донишу таҷриба ва масъулияти касбии худро равона созем.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»