Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ «АНОР»

12-уми ноябр дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон Фестивали «Анор» баргузор гардид, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвар навъҳои гуногуни ин меваро пешниҳод намуданд.

Дар Фестивал муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» иштирок намуданд.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз намоишгоҳи Фестивали «Анор» зикр намуд, ки барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар ин рӯз аз тарафи олимони соҳаи кишоварзӣ барои парвариш ва интихоби навъҳои серҳосили ниҳоли анор ба боғпарварон тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.
Тибқи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 722 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз ин 1359 гектараш ҳосилдеҳ аст. То аввали моҳи октябри соли равон боғпарварони мамлакат 4 ҳазору 917 тонна мева ҷамъ кардаанд.
Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор павариш мешавад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ фоиданок аст.
Боғҳои анори шаҳри Норак дар Ҷамоати деҳоти Пули Сангин ҷойгир мебошанд. Ба маълумоти Алишод Асоев, роҳбари хоҷагӣ, майдони умумии анорбоғ 174 гектар буда, дар 124 гектар ниҳол парвариш мешавад. Дар як сол 60 тонна анор ба даст меоранд.
Ба тавсияи мутахассисон, меваи анор аз витамини “С” бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Мева то 60 дарсад шарбат дорад. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»