Баргашт Чоп кардан

«ШАҲНАВОЗ». ТЕЛЕВИЗИОНИ МУСИҚИИ ТОҶИКИСТОН 5-СОЛА ШУД!


Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи таъсисёбии Муассисаи давлатии “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон – “Шаҳнавоз” ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарият ва аҳли кормандон аз нақши Пешвои миллат дар рушду густариш ва таҳкими сулҳу истиқлоли давлатӣ ибрози андеша намуданд. Изҳор карда шуд, ки "мо қариб ҳар рӯз дурахши ин сиёсат ва гармии муҳаббати Президенти маҳбуби кишварамонро ба адабиёту санъат ва дигар соҳаҳои муҳими мамлакат эҳсос менамоем ва хушбахтем, ки дар замони давлатдории ин фарзанди фарзонаи миллат умр ба сар мебарем".
Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандон бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ифтихорномаи Муассиса ва сипосномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки расо панҷ сол пеш маҳз 16-уми ноябр Муассисаи давлатии “Телевизиони мусиқии Тоҷикистон – “Шаҳнавоз” ба кори худ оғоз бахшида, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.
Айни замон аз ҷониби кормандони ин Муассиса беш аз 30 барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ пешниҳод мегардад. «Мондагор», «Фурӯғи Шашмақом», «Истеъдод», «Набзи наво», «Шиносномаи ҳунар», «Садои ошно», «Эъҷози эҷод», «Дилошно, «Чеҳра», «Навоҳанг», «Ситораи ҷаҳон», «Даргоҳи ҳунар», «Истеъдодҳои ҷаҳон», «Файзи истиқлол», «Оҳанги зиндагӣ», «Шукӯҳи истиқлол», «Рози наво», «Шоми “Шаҳнавоз»», «Хушзеҳн», «Ангора», «Мутриби хушнаво», «Дилангез», «Руҳафзо», «Савти Фалак» аз ҷумлаи барномаҳое мебошанд, ки дар байни бинандагон маҳбубияти зиёд доранд.
Барномаҳои «Шаҳнавоз» дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи завқи эстетикӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик ба ҷаҳониён нақши муҳим мебозанд. Кормандон бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба ҳунар саъй доранд, ки барномаҳои шабака ҳамеша ҷолиб ва мукаммал бошанд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”