Баргашт Чоп кардан

НАҚБИ ДАНҒАРА. ИНШООТИ БУЗУРГИ МАМЛАКАТ 56-СОЛА ШУД


Бахшида ба 56-солагии сохтмони нақби обпартои 14-километраи ирригатсионии Данғара дар шаҳраки Себистон бо иштироки васеи собиқадорони сохтмони нақб ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ҷамъомади судманд доир шуда, аз корҳои ибратбахши бунёдкорони иншооти азим ёдоварӣ шуд.
Зимни чорабинӣ раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободонию созандагии диёр ва таърихи нақби пурҳашамат суханронӣ намуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки солҳои ҳафтодум ва ҳаштодуми асри гузашта, дар ҳаёти меҳнаткашони ноҳия солҳои дигаргунсозиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Аз ҷумла, сохтмони нақби 14-километраи Данғара барои обёрӣ боиси пешравиҳои зиёд гардид.
– Он ҳамчун иншооти нодири замон дар кишвар беҳамтост. Соли 1969 бо мақсади аз худ кардани зиёда аз 100 ҳазор гектар заминҳои асрҳои аср бекорхобидаи даштҳои Данғара Ҳукумати вақти ҷумҳурӣ қарори махсус қабул кард. Дар қарор гуфта мешуд, ки баъди ба истифода додани нақби обгузар, марҳала ба марҳала 24 хоҷагии нави кишоварзӣ таъсис дода шуда, истеҳсоли пахта ҳамчун ашёи хоми қиматбаҳои саноатӣ ба 64 ҳазор тонна расонда мешавад ва Данғара дар ҷумҳурӣ ба яке аз ноҳияҳои калонтарин дар соҳаи пахтакорӣ табдил мегардад, – зикр дошт Сиҷоуддин Саломзода.
Тавре иштирокдорон зикр намуданд, корҳои нақбканӣ дар ду самти муқобил, дар қитъаҳои якум ва чорум таҳти роҳбарии саркорони нақбканӣ Владимир Ерёмин ва Николай Януков ба роҳ монда шуда буд. Барои тезондани суръати сохтмон моҳи апрели соли 1972, воқеъ дар деҳаи нақбканони Себистон маъмурияти махсусгардондашудаи “Гидроспетстрой” таъсис ёфта, аввалин роҳбари он Игор Борисович Калликов аз тарафи Вазорати энергетика ва электрофикатсияи Иттиҳоди Шуравӣ таъин карда шуд. Яке аз ҷолибтарин ҷузъи ин сохтмон истифодаи комбайнҳои кӯҳан мебошанд, ки онҳо дар он замон беҳамто ва хеле нодир буданд. Комбайнҳои пуриқтидори кӯҳканиро нақбканони пуртаҷриба Владимир Ерёмин, Саттор Султонов, Юрий Попов, Нодир Дандонов, Карл Либкнехт ва Маҳмад Юсупов идора мекарданд. Онҳо шабу рӯз дар чор баст шашсоатӣ пурмаҳсул меҳнат карда, моҳе аз 80 то 100 метр нақб меканданд, ки ин назар ба усули кори таркишӣ 40 метр зиёд буд.
Соли 1972 барои тезондани корҳои нақбканӣ боз кандани 3 шахтаи нав ба нақша гирифта шуд. Бо ҳамин дар байни ду қитъаи аввалу охир, дар масофаҳои гуногун, шахтаҳои рақамҳои якум, дуюм ва сеюм сохта шуданд. Акнун қитъаҳои нақбканӣ ба 8 адад расид. Дар суръат гирифтани корҳои нақбканӣ саҳми сардорони қитъаҳо ва шахтаҳо Сергей Голосов, Ҷумъахон Зуҳуров, Александр Мешков, Сергей Малахов, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ Юрий Попов, Манон Абдураҳмонов, Владимир Лиёвин ва Асхарбек Бязерров хеле калон аст. Тай солҳои 1970-1990 барои истиқомату истироҳати нақбканон дар шаҳраки Себистон аз тарафи маъмурони сохтмон баробари корҳои нақбканӣ, бунёди иншооти дигар, аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ, маданию маърифатӣ, мактабу кӯдакистонҳо, китобхонаҳо, маконҳои истироҳату фароғат, варзишгоҳҳо бунёд ёфтанд. Ниҳоят аз 4-уми ноябри соли 1986, баъди 17 соли корӣ ва баста шудани Неругоҳи барқи обии “Норак”, ки сатҳи худро оҳиста-оҳиста боло бардошт, оби ҷонбахши дарёи Вахш вориди нақби тозабунёд гардиду ба даштҳои асрҳои аср бекорхобида ва синабирёни Данғара ҷорӣ шуд. Ин лаҳзаҳо хурсандии мардум ҳаду канор надошт, зеро аҳолии 176-ҳазорнафараи ноҳия ба оби тозаи ошомиданӣ ва полезӣ дастрасӣ пайдо кард.
Ин корномаи ҷовидона дар саҳифаҳои таърихи ҷумҳуриамон чун рамзи корномаи дӯстонаи миллатҳои бо ҳам қарини собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ акс ёфтааст. Ба хотири гиромидошти хотираи неки бунёдгузорони нақби мазкур, ки имрӯзҳо низ он ба манфитаи мардуму давлат фаъолият мекунад, роҳбарияти ноҳия суханҳои неку зикри хайр арз доштанд. Дар охир раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чанд нафар аз собиқадорони хизматнишондодаи кори нақбро бо ифтихорномаю мукофоти пуливу молӣ қадрдонӣ намуд.


Холназар КАСИРОВ,
рӯзноманигор