10 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов дар маросими оғоз бахшидан ба бунёди мактаби нав дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок карданд.
Дар маҳали бунёди мактаб бо 1080 ҷойи нишаст дар ду баст аҳли маориф ва фаъолони ноҳия ҷамъ омаданд.
Нахуст собиқадорони соҳаи маориф як нафарӣ аз ҳар ду ҷониб бунёди мактабро нишони дӯстии абадӣ миёни кишварҳои дӯст ва бародар арзёбӣ карда, бо орзуву ниятҳои нек баҳри густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркманистон аз сарварони давлатҳо барои оғоз бахшидан ба корҳои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон изҳори хоҳиш намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов бо эътимоди баланд ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи маориф дар доираи муносибатҳои дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Туркманистон бо суханҳои “Иҷозат дода мешавад, ба шумо муваффақият ва барори кор мехоҳем” ба корҳои сохтмонӣ барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Дӯстӣ асос гузоштанд.