Баргашт Чоп кардан

ХАБАРҲО АЗ ВМКБ


Байторҳо бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардиданд

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳаи байторӣ дар деҳоти Рованд, Язгулом, М. Абдуллоев ва Ҷовидони ноҳияи Ванҷ мототсиклҳои дучарха, дору барои чорво, либоси корӣ барои кормандони соҳа, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дастрас гардиданд.
Тавре аз маркази иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд, ин иқдом тавассути Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар доираи Барномаи маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, тибқи лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни тақдими мототсиклҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ ба кормандони идораи байторӣ иброз дошт, ки ҳамаи ин ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи мардуми кӯҳистон мебошад. Ноҳияи Ванҷ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, рӯз ба рӯз ободу зебо шуда истодааст.


Боз як неругоҳи барқи офтобӣ
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо маром идома дорад.
Неругоҳи мазкур дар баландии 2660 метр аз сатҳи баҳр, дар доманакӯҳи Лаълм, бо ҳадафи рушди манбаъҳои тозаи энергетикӣ амалӣ мегардад.
Тавре Хоҷамир Қурбонбеков, сардори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶСШК “Помир энерҷи” хабар дод, то имрӯз дар иншоот 50 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ неругоҳ мавриди истифода қарор мегирад.
Масъулони соҳа бар он назаранд, ки татбиқи ин лоиҳа имкон медиҳад, таъмини барқ дар минтақаи кӯҳӣ беҳтар ва саҳми Тоҷикистон дар рушди "энергияи сабз" бештар мешавад. Ин сеюмин неругоҳи барқи офтобӣ дар вилоят мебошад. Ду неругоҳи дигари барқи офтобӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб қаблан бунёд шуда, мавриди амал қарор доранд.


Мусобиқаи волейбол бахшида ба Рӯзи Президент
Дар Маҷмааи варзиши шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол байни мардони аз 45-сола боло баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа раиси вилоят Алишер Мирзонабот, ки, ҳамзамон, раиси Федератсияи волейболи ВМКБ аст, иштирок ва суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш дар кишвар таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар вилоят давоми се соли охир баҳри рушд ва оммавигардонии ҳамаи намудҳои варзиш тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Волейбол яке аз маъмултарин намудҳои варзиш мебошад, ки байни сокинони минтақаи кӯҳистон шуҳрат дорад. Маҳз барои ҳамин варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои баландро соҳиб мегарданд.
Дар мусобиқа 10 даста аз шаҳру ноҳияҳо, идораву муассисаҳои вилоят иштирок намуд.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”