Баргашт Чоп кардан

АНОРПАРВАРӢ. ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ДУРНАМО


Дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон семинар-машварати минтақавӣ таҳти унвони «Анорпарварӣ дар ҷумҳурӣ – дирӯз, имрӯз ва фардо» бо иштироки зиёда аз 50 анорпарвари пешқадам, олимони соҳа ва деҳқонон баргузор гардид.


Кори семинар бо суханрониҳои муовинони раиси ноҳияи Дӯстӣ Ибодуллозода Асадулло ва Низорамо Зарипова, намояндаи Вазорати кишоварзӣ, мутахассиси раёсати рустанипарварӣ Ҷовидон Шарипов ва директори ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин» Муҳаббат Маҳмадалиева оғоз ёфт.
Имрӯз анорпарварӣ яке аз самтҳои муҳими кишоварзии кишвар ба шумор меравад. Меваи анор барои рушди содирот ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти калон дорад. Бино ба иттилои Қурбоналӣ Партоев, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи рустаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, айни ҳол майдони умумии анорзори ҷумҳурӣ ба беш аз 2700 гектар расида, ҳаҷми истеҳсолоти солона зиёда аз 18 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Мувофиқи Барномаи рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ барои солҳои 2025-2029, рушди анорпарварӣ ба ҳадафи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, рушди содирот ва коҳиши вобастагӣ аз воридот нигаронда шудааст.
Дар ҷараёни семинар-машварат гузоришҳои илмии як қатор олимону мутахассисон пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, С.М. Гулов, доктори илмҳои биологӣ ва узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, оид ба вазъи соҳаи анорпарварӣ ва ҳамкории деҳқонон бо олимон баромад намуд. Эшбеков Ш., сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, дар бораи дастовардҳо ва мушкилоти анорпарварӣ дар ноҳия сухан гуфт. Намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин», олимон ва деҳқонони пешқадам низ таҷрибаи худро мубодила карданд.
Мушкилоти асосии соҳаи анорпарварӣ, ба гуфтаи иштирокдорон, зиёдшавии ҳашароту бемориҳои дарахтон, тағйирёбии иқлим ва сифати нуриҳои маъданӣ дар бозорҳои кишвар мебошанд.
Дар рӯзи дуюми семинар меҳмонон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Бегенҷ», «Солеҳ», «Валӣ» дар ноҳияи Дӯстӣ ва «Сайидо» дар ноҳияи Ҷайҳун шинос шуданд.
Диққати махсуси иштирокдорон ба фаъолияти пирамарди анорпарвар Каримҷон Бутаев, сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ҷайҳун, равона гардид. Ӯ беш аз 70 сол ба парвариши анор машғул буда, ҳамчун селексионери мардумӣ навъи нави анорро ба вуҷуд овардааст, ки онро мардум «Каримӣ» меноманд. Ин навъ бо меваҳои калон, ранги гулобии баланд, таъми ширин ва сершира буданаш фарқ мекунад.
Комилҷон Бутаев, кори падарро идома дода, айни замон зиёда аз 15 ҳазор қаламчаи навъи “Каримӣ”-ро парвариш менамояд. Дар боғи оилавӣ, ки майдонаш 2 гектар аст, онҳо ҳар сол то 20-30 тонна ҳосил мегиранд.
Олимону мутахассисон пешниҳод намуданд, ки навъи анори «Каримӣ» ҳамчун навъи миллии Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳуҷҷат карда шавад.
Муҳаббат Маҳмадалиева аз натиҷаҳои семинар чунин гуфт: – Семинари омӯзишии мо нишон дод, ки ҳамкории зичи олимон ва деҳқонон метавонад барои рушди соҳаи анорпарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти солим саҳми арзанда гузорад.
Дар анҷоми семинар ба як чанд нафар анорпарвари собиқадор аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, ташкилоти «Зан ва Замин» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”