![]()
22-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Дар зимн, ба масъалаи тавсеаи ҳамкории судманди гуногунҷанба дар доираи шарикии стратегӣ таваҷҷуҳи муносиб зоҳир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти натиҷаҳои силсилаи мулоқотҳои пурмазмун бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро дар соли равон махсус зикр намуданд.
Дар навбати худ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки «ман ба дастовардҳои нави кишвари шумо ва пойтахти шумо эътимод кардам. Рушди босуръат дар ҳама ҷо ба назар мерасад. Ҷаноби Президент, Шумо ҳамчун асосгузори давлати худ ва Пешвои миллат, бо дилу ҷонатон барои рушди кишвари худ талош менамоед. Шумо мардумро аз ҳама чиз боло гузоштаед. Мо ба консепсияи идораи давлатии Шумо бисёр арҷ мегузорем».
Пуштибонии Тоҷикистон аз ташаббусҳои нави ҷаҳонии роҳбарияти олии Чин, аз ҷумла “идораи глобалӣ” таъкид шуд. Ҷонибҳо аз фаъолияти босамари абзорҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зиёда аз ду миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо имрӯз соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзиро фаро мегиранд.
Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷалби «технологияҳои сабз» изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон, ҳавасмандии Тоҷикистон барои афзоиши номгӯй ва ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин иброз гардид.
Ҳамкории муштараки кишварҳо дар соҳаи амният аз мавзуъҳои алоҳидаи суҳбат буд. Дар зимн, ба масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ пайвастагии рушди робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро баён доштанд. Ба Ҳукумати Чин барои ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос гашта, ҳавасмандии Тоҷикистон ба афзоиши шумораи квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин дар ихтисосҳои талаботаш дар кишвар зиёд, таъкид гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар сиғаи Осиёи Марказӣ-Чин матраҳ шуданд. Сарвари давлат ба ҷониби Чин барои дастгирии таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори сипос намуданд.