Эй намои аввалину охирин армони мо,
Парчами пирӯзии мо, рамзи ҷисму ҷони мо.
Ту баландӣ ҳам аз оне, ки баландият расост,
Ту баландӣ, з-эътино, аз эътиқоду шони мо.
Ин туӣ, уммеду бовар, рамзи пирӯзии халқ,
Рамзи оташболии Қақнуси парафшони мо.
Рамзи ин халқи тамаддунпарвари некӯнажод,
Рамзи халқи хайрбунёду саодатшони мо.
Дар ту таърихи ҳазоронсола ҷавлон мезанад,
Рамзи нангу номи мо, оинаи виҷдони мо.
Бо баландият сари моро ҳамедорӣ баланд,
Ҷилвагар бинмудаӣ дар худ фару эҳсони мо.
Ин туӣ рангинкамони завқу табъи миллатам,
Парчами сурху сапеду сабз дар айвони мо.
Мо зиёдему ту якто, зери ту саф оварем,
Бо ту якҷонему яктан, эй фари даврони мо.
Бол зан, бо худ бубар моро ба фардои мурод,
То ба гардун бар шукуҳи бахти фарзандони мо.
Эй фурӯғи родмардӣ дар сари мо ҷилва кун,
Меҳрафшон бош, эй меҳру фари тобони мо.
Эй ҳузурат раҳнамо бар ҳифзи халқу Меҳанам,
Дар сари ҳар бом тӯмори балогардони мо.
Ту аз он рӯ дар баландоӣ, ки бинемат зи дур,
Ҷилвагар шав аз ҳама сӯ, эй фари Яздони мо.
Ту падидор аз ҳама кунҷи ҷаҳонӣ дар назар,
Чун қасам, ҳамчун ниёиш, қиблаи паймони мо.
Аз чӣ болоят бубардорем? То тоби зи дур
Чун наҷоти миллати мо, ҳиммати мардони мо.
Эй ирода, эй садоқат, эй вафои ҳар нафар,
Эй нишони бешикасти рӯҳи аҷдодони мо.
Ваҳдати мо бо ту монад пойдор андар ҷаҳон,
Дар матои сидқи мо аз риштаҳои ҷони мо.
Эй нахустин парчами адлу адолат, хайру дод,
Ифтихори парфишони бахт дар сомони мо.
Ҳифз кардемат, ту ҳифзи мо намудӣ солҳо,
Рӯҳи шоду сарфарози ҷумла авлодони мо.
Ҷони худ додем бар душман, надодемат зи даст,
Чун ки боло аз сари моӣ ту дар дастони мо.
Эй матонат – парчами аҳли каломи эзадӣ,
Бош чун файзи Худо дар хонаву дар хони мо.
Парчами Кова ту будӣ, парчами Испитамон,
Бош бо мо ҷовидонӣ, эй фари Раҳмони мо!
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон