Баргашт Чоп кардан

РАМЗИ НАНГУ НОМУС


Парафшонии Парчами давлатӣ дар фарози кишвари азизамон бароям мояи ифтихору шодмонӣ аст. Аз дидани он ба худ меболаму шукр мегӯям, ки шаҳрванди Тоҷикистонам. Бо чунин миллату давлат ва сарзамини аҷдодӣ, албатта, ҳар нафари тоҷикистонӣ худро саодатманд дармеёбад, зеро сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ дар кишвар пойдор аст. Мардум бо оромию осоиштагии хотир кору зиндагӣ мекунанд. Дастовардҳои зиёд дар тамоми соҳаҳо башорат аз шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони кишвар медиҳанд.
Дидани Парчами давлатӣ ба неруямон неру меафзояду беихтиёр мегӯям: «Ҳамеша миллати мо чун парчамаш сарбаланд бошад». Ҳанӯз соли 1992 бо қарори Ҳукумати кишвар гурӯҳи кории олимону рассомон ва коршиносон таъсис дода шуд. Дар мавриди қабули тарҳи Парчам бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, таъриху фарҳангамон мулоҳизаю пешниҳоди зиёд баён гардид.
Вақте Парчами давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба комиссияи қабул пешниҳод шуд, чунин саволе ҳам ба миён омад, ки оё Парчами давлатии мо ба парчамҳои баъзе аз кишварҳо шабоҳат дорад? Воқеан, Парчами мо бо ливои Италия, Ҳиндустон ва Эрон хеле монанд аст. Вале фарқи асосӣ дар ҷобаҷогузорӣ ва фосилаи рангҳо мебошад. Ба ҷуз ин, дар Парчами мо ранги сафед нисбат ба рангҳои сурху сабз зиёдтар аст.
Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии кишвар дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баррасӣ ва қабули Парчаму Нишони давлатӣ дар назар буд. Аз ин рӯ, пас аз муҳокимаи нахусти тарҳи Парчам мо бо назардошти фикру эрод ва пешниҳоди вакилони Иҷлосия дар кӯтоҳтарин вақт дар корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе се парчамро омода намудем. Онҳоро як рӯз пеш аз баррасии масъала дар Иҷлосия ба шаҳри Хуҷанд, ба Қасри Арбоб фиристодем. Ҳамин тавр, ин рамзи давлатдории навини тоҷикон аз ҷониби вакилон якдилона пазируфта шуд. Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бӯсидани ҳамин Парчами нав савганд ёд карданд, сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ низ бо бӯсидани он аҳди бародарӣ ва пешгирӣ аз ҷанги хонумонсӯз намуданд. Парчам барои халқи мо Ливои сулҳу ободӣ шуд.
Аз дуру наздик Парчами зеборо парафшон мебинам ва фикри ғолиб ба сар мерасад, ки он Ливои зафари халқи шарифи тоҷик дар роҳи ободу пешрафта сохтани Ватани маҳбуб бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва фарзанди ҳамин миллат будан руҳамро болидаву неруямро афзуда месозад.


Матлуба ҲАЙДАРОВА,
корманди Коллеҷи омӯзгории
ДДБ ба номи Носири Хусрав