Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон баргузор шуд, мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СҲШ Чжан Минг баргузор гардид.
Мусоҳибон оид ба масъалаҳои рӯзномаи СҲШ бо таваҷҷуҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмон табодули назар карданд. Дабири кулл ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии устувор ва саъю кӯшиши он ба ҳайси роҳбари мақомоти маъмурии СҲШ изҳори сипос намуд.
ХАТЛОН
Конфронс доир ба рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон
Бо ташаббуси намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфронси илмӣ – амалӣ баргузор шуд. Дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон иброз намуд: «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ – ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва, умуман, дар инкишофи давлати соҳибистиқлоламон – Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим дорад».
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Дар Хоруғ масъалаи идоракунии захираҳои об баррасӣ гашт
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он дар алоқамандӣ бо тағйирёбии иқлим» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронс оид ба мушкилоти глобалии идоракунии захираҳои об дар ҷаҳони муосир ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим вобаста ба обу пиряхҳо андешаҳо иброз гардида, таъкид шуд, ки бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли масоили об дар миқёси ҷаҳон эътироф гардидааст.