![]()
Муродуллоҳ Шерализода барин шахсиятҳои наҷиб рӯзгори хешро бидуни хидмати халқ тасаввур карда наметавонистанд. Ӯ, воқеан ҳам, донишманди фозил, фарзонамарди соҳаи фарҳангу маданият, арбоби барҷастаи давлатӣ буда, таҳким бахшидани дӯстии ҷовидонаи тамоми халқҳову миллатҳои ҷумҳуриамон, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳадафи волои худ ҳисобида буд. Ӯ барои ин мақсади олӣ ҳамеша ҷаҳду ҷадал менамуд ва муборизаи оштинопазир мебурд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Нафаре агар гумон дорад Истиқлоли Тоҷикистон осон ба даст омадааст, сахт иштибоҳ мекунад. Дар пойдории ин падидаи милливу таърихӣ ва дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат на танҳо сарбозон, сиёсатмадору давлатмардони мо, балки пажӯҳишгарону шоирон ва рӯзноманигорон низ ҷон фидо кардаанд.
Бавижа, парронда шудани Муродуллоҳ Шерализода, дар таърихи 5-уми майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии бинои Шурои Олӣ, парронда шудани ҳақиқат, шикастани қалам ва оташ задани дафтару девонро мемонд. Инак, аз он воқеаи мудҳиш сиву се сол мегузараду имрӯзҳо Муродуллоҳ Шерализода, журналист, тарҷумон ва нахустин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” ёд мешавад, на он қотилони гумном, бадномони таърих. Яъне, шаҳодати Шерализода ва ҳамқаламони дигари ӯ маҳз барои пойдории истиқлол ва сулҳи тоҷикон буд ва то замоне ки кишвари мо побарҷост, номи онҳо фаромӯш намешавад. Қалами як журналист шикаст, аммо қалами таърих нависо ва ҳақиқатнамост.
Паёми хуше, ки мо – хомакашони рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро низ шод намуд, ин аст, ки дар зодгоҳи ин марди хушном – деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент, ёдбудаш ба таври густардаву шоиста сурат мегирад. Ин ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бори дигар ёдрас мешавад: “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!”
Хомакаши номвари тоҷик Муродуллоҳ Шерализода соли 1945 дар шаҳри Панҷакент зода шуд. Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанберо (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) хатм ва дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кард. Аз ҷумла, муддате дар ҷаридаи машҳури замон – “Маориф ва маданият” қалам ронд.

Ӯ солҳои 1966-1970 ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии басти тарҷумаи Институти таърихи ҳизби назди КМ ПК Тоҷикистон, филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ КПСС буд. Дар ин муддат рисолаи илмӣ ҳимоя кард ва номзади илмҳои таърих унвон гирифт. Матнҳои муҳими сиёсиро тарҷума мекард, ки нахуст дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) нашр мешуданд.
Гарчанде зери осори тарҷумашуда ному насаби Шерализода сабт намешуд, ҳамнаслону ҳамкоронаш тарҷумаҳои номбурдаро аз равонии забон, чидани ибораву ифодаҳои тоҷикӣ хуб мешинохтанд, зеро ӯ ҳам забони русӣ ва ҳам забони тоҷикиро бо ҳама назокатҳо медонист.
Баъди панҷ соли тарҷумонӣ дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Афғонистон (1982-1987) Муродуллоҳ Шерализода боз ба Институти таърихи назди КМ ПК Тоҷикистон баргашт, ин бор ҳамчун мудири шуъбаи тарҷума. Ҳамкорияш бо рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” идомаи нав пайдо мекунад. Ҳамчунин, дар “Тоҷикистони советӣ” мақолаҳои публитсистӣ ва илмӣ-оммавии Муродуллоҳ Шерализода дар солҳои гуногун чоп шудаанд. Аз ҷумла, “Дар ақибгоҳ” (мақола дар бораи нақши занони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 1968, 3-юми май), ”Бо қаламу бо силоҳ” (дар бораи нақши матбуот дар солҳои ҶБВ, 1976, 28-уми апрел). Собиқадорони рӯзномаи мо то ҳол ӯро ба некӣ ёд меоваранд.
5-уми октябри соли 1990 Муродуллоҳ Шерализода бо қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон сармуҳаррири рӯзномаи навтаъсиси “Садои мардум” таъин гардид. Дар давоми ду соли сармуҳаррирӣ бо мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ ва фош кардани дурӯғу тахрибкориҳои гурӯҳҳои зидди ҳукумати конститутсионӣ номошно шуд. Ҷомеаи рӯзноманигории тоҷик ӯро дар ин росто соҳибмактаб медонанд.
Дар шаҳри Панҷакент як кӯчаро ба номи ӯ гузоштаанд. Ҳанӯз соли 1993, баъди як соли марги мавсуф, дар зодгоҳаш хона-музей таъсис ёфт. Дар саҳни хона-музей нимпайкараи рӯзноманигори ҳақиқатталаб гузошта шуд. Дар ифтитоҳи он шахсиятҳои бузурги ҷумҳурӣ иштирок карда, аз хидматҳои шоёнаш гуфтанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он замон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ба хотири гиромидошти Шерализода номаи табрикӣ ирсол кардаанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Муродуллоҳ Шерализода барин шахсиятҳои наҷиб рӯзгори хешро бидуни хидмати халқ тасаввур карда наметавонистанд. Ӯ, воқеан ҳам, донишманди фозил, фарзонамарди соҳаи фарҳангу маданият, арбоби барҷастаи давлатӣ буда, таҳким бахшидани дӯстии ҷовидонаи тамоми халқҳову миллатҳои ҷумҳуриамон, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳадафи волои худ ҳисобида буд. Ӯ барои ин мақсади олӣ ҳамеша ҷаҳду ҷадал менамуд ва муборизаи оштинопазир мебурд”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”