Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали хизматрасониҳои давлатӣ (Khizmat.ehukumat.tj) фаъолияти худро дар реҷаи пилотӣ оғоз намуд.
Ҷиҳати мусоидат ба аҳолӣ ҳангоми истифодаи Портал, хизматрасониҳои давлатӣ ба таври осон, шаффоф ва рақамӣ дастрас карда мешаванд. Пас аз анҷоми раванди айнияткунонӣ, шаҳрвандон метавонанд бе маҳдудият аз хизматрасониҳои Портали мазкур истифода намоянд.
Тавре Агентӣ шарҳ медиҳад, шаҳрванд ҳангоми ворид шудан ба Маркази хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби корманди машваратдиҳанда пешвоз гирифта мешавад. Шаҳрванд дар терминали электронӣ намуди хизматрасониро интихоб намуда, дастрас шудани смс–пайёмакро интизор мешавад. Пас аз пайдо шудани рақами навбат дар экран, ӯ ба равзанаи хизматрасонӣ даъват гардида, шахсияташ бо пешниҳоди шиноснома тасдиқ карда мешавад. Баъди анҷоми раванди айнияткунонӣ, шаҳрванд метавонад хизматеро, ки қаблан интихоб намудааст, дарёфт намояд. Пас аз анҷом ёфтани баррасӣ, ҳуҷҷат ё ҷавоби омодашуда ба шаҳрванд ба шакли электронӣ пешниҳод мегардад.
Дар назар аст, ки марказҳои хизматрасониҳои давалтӣ марҳала ба марҳала дар шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат таъсис дода шуда, номгӯйи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба тариқи электронӣ пешниҳод мегарданд, пайваста васеъ карда шаванд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сода ва осон намудани раванди пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ Маркази хизматрасониҳои давлатиро таъсис додааст, ки дар марҳалаи аввал 50 намуди хизматрасониҳои давлатӣ ба тариқи мустақим (онлайн) ё дар шакли рақамӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, 28-уми декабри соли 2024, аз қадамҳои устувори Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ сухан ронда, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатиро яке аз ҳафт самти муҳими пешбурди иқтисоди рақамӣ арзёбӣ намуданд, ки таваҷҷуҳи хоссаро тақозо менамояд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»