
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами давлатӣ, яъне рамзи давлатии таҷассумгари гузаштаи куҳан ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Ифтихорманд аз онем, ки имрӯзҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун баёнгари давлати соҳибистиқлол дар Ватани азизамон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз навгониву дастовардҳои давлати тозаистиқлол бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад.
Аз соли 2009 инҷониб мо ба хотири эҳтирому садоқат ба Парчами давлатиамон ва гиромидошти ин рамзи давлатӣ 24-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчам бо тантана ҷашн мегирем. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ҳамчун ифтихори давлатдорӣ ва ватандорӣ маҳсуб меёбад, зеро Парчам ифодаи ҳастии миллати соҳибдавлат дар саросари ҷаҳони мутамаддин ба ҳисоб меравад. Бахти баланди мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки Парчами миллати куҳанбунёди мо дар радифи беш аз 180 давлати дунё дар пештоқи маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид қомат афрохтааст.
Санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти миллӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватани азизамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллии худ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо унсурҳои асосии истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
Дарвоқеъ, бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд. Парчами давлатӣ бояд барои ҳар як сокини кишвар азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он нишон диҳад.
Зери Парчам нафарони садоқатманд, бебок, ҷасур ва ростқавлу баномус гирд меоянд, ки барои ҳамзистии осоишта, ҳамоиши неруҳои ақлонӣ, сафарбаркунӣ ба майдони корзор кӯшишу талош менамоянд. Тавре пайваста шоҳидем, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами давлатии ин ё он варзишгари ғолиб бо навохтани Суруди миллии он кишвар бо тантана боло бардошта мешавад. Ин лаҳзаи хотирмон ҳам дар қалби варзишгар ва ҳам сокинони он давлат шодию сурур мебахшад, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ғурури миллӣ тақвият меёбад. Онҳо беихтиёр аз дидани Парчами миллии кишвари худ бисёр хушнуд мешаванд ва ҳатто аз хурсандӣ ашки шодӣ мерезанд. Ҷунбиши руҳнавози Парчам дилро ба ваҷд меоварад ва аз тамошои он оташи меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан фурӯзон мегардад. Ҷилваи он шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.
Аз ин рӯ, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо вазифадорем, ки дар зери Парчами давлатии худ беш аз пеш муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллию давлатии худро ҳифз намуда, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бигзор, Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари умеду ормонҳои мо ҳамеша партавафшон бошад ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил гардем. Бошад, ки Парчами давлатӣ моро ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва сулҳу субот роҳнамоӣ созад!
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»