Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо воридкунандагон, намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони оператор оид ба пайгиринамоии муомилоти мол мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ раванди иҷро ва мушкилоти ҷойдошта дар самти татбиқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми июни соли 2023, №263 «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимзода, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз, намояндагони ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти рамзгузоришаванда — ҶДММ “Сифат Фарма”, ҶДММ “Муҳаммад А”, ҶДММ “Тибби Муосир”, ҶДММ “Аврупо Фарм”, ҶДММ “Масъуда”, ҶДММ “Ориф Фарм”, ҶДММ “Сабурфарма”, ҶДММ “Раҳмат 2004”, ҶДММ “Осон Фарм” ва, инчунин, масъулини мақомоти гумрук аз минтақаҳои гумрукии вилояти Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҳузурӣ ва тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Турсунзода Азим Ҳайдар вобаста ба амалигардии қарор ва натиҷаҳои санҷиши гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Прокуратураи генералӣ маълумот пешниҳод намуд. Ӯ таъкид кард, ки мақсад аз баргузории вохӯрӣ муайян кардани роҳу воситаҳо барои таъмини иҷрои саривақтӣ ва бемамонияти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Абдусалом Раҳимзода иброз дошт, ки дар асоси моддаи 45 Кодекси андоз ва супоришҳои Ҳукумати кишвар, раванди рамзгузории электронии молҳо давра ба давра нисбат ба гурӯҳҳои муайяни мол татбиқ мегардад.
Зикр гардид, ки гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми санҷиши нуқтаҳои фурӯши чакана ҳолатҳои зиёди фурӯши молу маҳсулоти дорувории бидуни рамзгузории электрониро ошкор намудааст.
Ӯ тазаккур дод, ки бо баназар гирифтани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ҳам барои рамзнагузорӣ накардан, ҳам барои саркаши аз рамзгузорӣ ва ҳам нисбати оператор дар ҳолатҳои такроршавии қонунвайронкуниҳо пешбинӣ шудааст. Бино ба гуфтаи ӯ, то имрӯз ба ширкатҳои фаъол миқдори 1,5 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст.
Намояндаи оператор Файзулло Файзуллозода иброз дошт, ки оператор мувофиқи банди 4 қарори мазкур аз ҷониби мақомоти андоз интихоб гардидааст. Ӯ барои ҳамкории мақомоти марбута изҳори миннатдорӣ намуда, ёдовар шуд, ки оператор дорои имконияти таъсиррасонӣ ба коҳиши фурӯши молҳои берамз мебошад, аммо барои халал нарасондан ба фаъолияти тиҷорат айни ҳол аз андешидани чораҳои сахт худдорӣ менамояд.
Турсунзода Азим Ҳайдар бо ишора ба хусусиятҳои молҳои доруворӣ зикр намуд, ки мақомоти гумрук бо назардошти зарурати онҳо барои шаҳрвандон наметавонад воридоти онҳоро дар сарҳад манъ намояд. Ӯ таъкид кард, ки мақомоти гумрук барои таъмини даромади буҷет барасмиятдарории гумрукиро сари вақт ва бемамоният анҷом медиҳад.
Сарнозири раёсати ташкили назорати гумрукӣ Раҷабалӣ Гулмирзоев иттилоъ дод, ки барои иҷрои қарор гурӯҳи корӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ шудааст. Ҳамчунин, ҷаласаҳои кории байниидоравӣ бо ҶДММ “Технология Групп” ва Кумитаи андоз баргузор гардида, масъалаҳои ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии низоми иттилоотии рамзгузорӣ баррасӣ шудаанд.
Бо супориши расмӣ аз 16-уми июли соли 2024, №Б-006/002-278, мақомоти гумрук вазифадор шудаанд, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ рамзи электронӣ (рамзи датаматрикс) дар сутуни 31 ДГБ ҳатман дарҷ карда шавад.
Бо назардошти ҳамгироии низоми иттилоотии гумруку андоз, мақомоти андоз дастрасии комил ба маълумоти молҳои воридотии рамзгузоришавандаро доранд. Мақомоти гумрук пешниҳод намуданд, ки молҳо баъди барасмиятдарории гумрукӣ таҳти мушояати гумрукӣ то анбори молқабулкунанда интиқол дода шаванд ва дар он ҷо дар ҳузури дидбонгоҳҳои сайёри андозӣ раванди рамзгузорӣ ва иҷозати фурӯш таъмин гардад. Намояндагони ширкатҳои воридкунанда, аз ҷумла ҶДММ “Сифат Фарма”, “Муҳаммад А”, “Тибби Муосир” ва “Масъуда” гуфтанд, ки рамзгузорӣ, асосан, баъди воридоти мол ба Тоҷикистон анҷом дода мешавад, зеро маҳсулоти доруворӣ аз истеҳсолкунандагони гуногун ва бо ҳаҷмҳои мухталиф харидорӣ мегардад. Онҳо таъкид карданд, ки ҳамеша имконияти насби рамз дар хориҷ аз кишвар вуҷуд надорад, зеро бор аксаран тавассути диллерҳо ва ширкатҳои логистикӣ интиқол дода мешавад.
Намояндагони мақомоти гумрук таъкид намуданд, ки бо мақсади пешгирии тамбашавӣ дар гузаргоҳҳо имконияти боздошти тулонии нақлиёт вуҷуд надорад. Турсунзода Азим Ҳайдар зикр намуд, ки мақомоти гумрук ва андоз мутобиқи кодексҳои дахлдор метавонанд минтақаҳои назорати гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои андозиро ташкил намоянд. Пешниҳод шуд, ки молҳои рамзгузоришаванда пас аз назорати гумрукӣ таҳти мушояати гумрукӣ ба анбори молқабулкунанда интиқол дода шуда, дар он ҷо дар ҳузури дидбонгоҳҳои сайёри андозӣ назорати рамзгузорӣ таъмин карда шавад. Ин раванд ягона роҳи ҳалли муназзами занҷираи интиқоли мол то фурӯш арзёбӣ гардид.
Турсунзода Азим Ҳайдар изҳор дошт, ки мақомоти гумрук барои ҳамкории ҳамаҷониба омода аст ва аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд, ки масъалаи ташкили дидбонгоҳҳои андозӣ ҷиҳати назорати молҳои рамзгузоришаванда мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»