Баргашт Чоп кардан

РАМЗИ ИФТИХОР


Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.


Дар он муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардори раёсати коргузории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Давлатзода, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.
Ҳурматзода Иззатулло Зариф зимни суханронӣ Парчами давлатиро яке аз асоситарин рамзҳои муқаддаси миллӣ номида, зикр кард, ки эҳтиром ба Парчам арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои давлатдории тоҷикон мебошад.
Ӯ иброз дошт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои давлатҳои дигар парафшонӣ менамояд ва ин барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихору сарфарозист.
Зикр гардид, ки 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардида, соли ҷорӣ ба ин рӯйдоди таърихӣ 33 сол пур мешавад. Рӯзи Парчами давлатӣ аз соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман таҷлил мегардад.
Мустафо Давлатзода дар суханронӣ таъкид кард, ки Парчами давлатӣ ҳамеша шаҳрвандонро ба ифтихори миллӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва ободии Ватан раҳнамун месозад. Ба таъкиди ӯ, соҳиби Парчами давлатӣ будан рамзи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии давлату миллат аст.
Дар чорабинӣ, инчунин, кормандони ҷавон низ суханронӣ намуда, Парчами давлатиро мазҳари нангу номус, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва Ватану миллат арзёбӣ карданд. Дар анҷом Ҳурматзода Иззатулло Зариф иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба давлати соҳибистиқлоламон амнияту осоиши ҷовидона орзу намуд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»