![]()
25-уми ноябр таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гашт.
![]()
Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 шунида шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Барнома, ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст, аз қабили 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби навсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқароршавии 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, 1500 МВт аз ҳисоби энергияи Офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ, то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ ва ба 5 миллиард киловатт- соат расондани содироти энергияи барқ.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки барои амалисозии Барнома ва нақшаи чорабиниҳои он чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол маълумот манзур намоянд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки мавзуи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар омӯхта шавад.
Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки фарҳанги сарфаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст, дар маҷлис мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки дар он барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта, пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол шуд.
Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 муҳокима гардида, хулосаҳои даркорӣ бароварда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат матраҳгардида ба масъулони сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.
Дастурҳои дигар оид ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла захираи кофии хӯрокворӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани зимистон, омода ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишт кардани заминҳои кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ғайра дода шуд.