Баргашт Чоп кардан

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА


24-уми ноябр ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷамъомади тантанавӣ доир гашт. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.


Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод дар оғози чорабинӣ Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳозирон муборак гуфт. Таъкид кард: “Вақте мо дар фазои амну осоиш Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн мегирем ва онро бо ифтихор болои сар мебардорем, хотироти ҳар нафар ба таърихи парчамдорӣ, бахусус лаҳзаҳои қабули Парчами давлати соҳибистиқлоламон меравад, ки дар айёми нобасомониҳо иттифоқ афтода буд. Агар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ бо қабули қарорҳои санҷидашудааш дар таърихи давлатдории мо нақши сарнавиштсоз дорад, тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ дар ин Иҷлосияи саодатофар аҳамияти таърихии онро боз ҳам меафзояд”.
Бояд гуфт, ки Парчами давлатӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии миллат аст. Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиштагӣ, рушду нумӯ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибватанӣ раҳнамун месозад.

 
Сипас, баромадкунандаҳо моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи ватандориро ёдовар шуда, иброз намуданд, ки баробари дидани Парчами давлатӣ дар нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, барафрохтани он ҳангоми сафарҳои расмию давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар, пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик моро эҳсоси ватандориву ғурури миллӣ фаро мегирад. Рӯзи Парчами давлатӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки садоқати беҳамтои худро нисбат ба миллату давлати хеш намоиш дода, баҳри ободию тараққии рӯзафзуни ин диёри биҳиштосо ғайратмандона меҳнат намоянд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”