Коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир арзёбӣ гардида, он ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, амнияти иқтисодӣ, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ, махсусан таъкид менамоянд.
Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14.01 соли 2010 Шурои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд.
Инчунин, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 03.08 соли 2021 таҳти №222 қабул карда шуд. Стратегияи нав ҳамчун барномаи давлати миёнамуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии ҷаҳониву минтақавӣ амалӣ карда мешавад, зеро муқовимат кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад.
Дар модаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”субъектҳои дар муқовимат бо коррупсия иштироккунанда вазоратҳои адлия, маориф ва илм , тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Воқеан, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия кори як мақомот ва ё сохторҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсионӣ набуда, кори дастаҷамъист, яъне дар ин самт бояд ҳар як сокини кишвар ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, субъектҳои бо коррупсия муқовиматкунанда, бахусус Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати аз байн бурдани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста чораҳои дахлдор андешанд.
Ҳақиқат ҚУРБОНОВА,
омӯзгори МТМУ № 27, ноҳияи Айнӣ