Баргашт Чоп кардан

СУҒД. ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ТАҲКИМ МЕЁБАД


Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дастгирии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, рушди зеҳниву эҷодӣ, худшиносӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кафолати воқеии рушди устувори ҷомеаи мутаммадин мебошад.
Дар ин замина, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд пайваста кӯшиш менамояд, то бо амалисозии барномаҳо ва тадбирҳои мақсаднок саҳми худро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон гузорад. Бавижа, давоми соли равон аз ҷониби раёсат як қатор тадбирҳои муҳими иҷтимоӣ, маърифатӣ ва омӯзишӣ амалӣ гардиданд. Чунончи бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештари шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷавонон, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ва дастгирии раёсати Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд, се ярмаркаи муштараки ҷойҳои кори холӣ баргузор шуд. Дар ин ярмаркаҳо муроҷиаткунандагон доир ба ҷойҳои кор дар дохил ва хориҷи кишвар, курсҳои омӯзишии касбӣ ва хизматрасониҳои марбута маълумоти муфассал гирифтанд.
Тибқи маълумоти масъулон, раёсат бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони маъюб, бепарастор ва ниёзманд, дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва таърихӣ ба 93 ҷавони маъюб ва камбизоат кумакҳои молиявӣ расонд. Ҳамчунин, ба 122 ҷавони ниёзманд ва аскарони қисмҳои низомӣ туҳфаҳо ва кумакҳои зарурӣ супурда шуданд.
Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз 310 чорабинии гуногуни маърифативу иттилоотӣ, аз ҷумла ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор намуданд, ки он 6922 нафар ҷавонро фаро гирифт. Дар доираи ин чорабиниҳо 4375 маводи иттилоотӣ паҳн гардида, ҷавонон бо имкониятҳои мавҷудаи шуғл ва омӯзиш шинос шуданд.
Бо ҳадафи баланд бардоштани савияи дониш, такмили малакаи касбӣ ва рушди қобилиятҳои зеҳниву эҷодии ҷавонон, раёсат пайваста курсҳои омӯзишӣ, семинар-машваратҳо ва тренингҳои амалӣ роҳандозӣ менамояд, ки бо иштироки фаъолонаи ҷавонон сурат мегирад.
Бешак, тадбирҳои амалӣ ва барномаҳои роҳандозишуда ба таҳкими нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мусоидат намуда, неруи созанда ва масъулиятшиносии онҳоро дар ҷомеа боз ҳам тақвият медиҳад.


КОНИБОДОМ
Робитаи ҷомеа бо муассисаҳои таълимӣ тақвият меёбад
Бо мақсади тақвияти робитаи муассисаҳои таълимӣ бо ҷомеа ва ҷалби волидон ба раванди таълиму тарбия, дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом силсилаи мулоқот баргузор гардид.
Вохӯриҳои намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо падару модарон, омӯзгорон ва хонандагони МТМУ №47, воқеъ дар деҳаи Паҳлавонқалъаи деҳоти Куҳандиёр, МТМУ №30 ва 43-юми деҳоти Лоҳутӣ аз ин силсилаи мулоқот буданд, ки ҳафтае пеш баргузор шуданд.
Дар ин суҳбатҳо иштирокдорон доир ба роҳҳои ҳамкории самараноки волидон ва ҷомеа бо омӯзгорон, ҳалли масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, тарғиби ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими ормонҳои миллӣ суханронӣ намуданд.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ изҳори умедворӣ карданд, ки ҳамкории доимӣ ва самараноки ҷомеа бо муассисаҳои таълимӣ метавонад ба пешрафти воқеии раванди таълиму тарбия ва ташаккули насли босаводу худогоҳ мусоидат намояд.


ЗАБОН ОМӮЗУ ҶАҲОН БИШНОС
Дар шаҳри Конибодом семинари роҳбарони иттиҳодияи методии фанни забони русӣ баргузор шуд.
Семинар дар доираи нақшаи кории шуъбаи маорифи шаҳр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 баргузор гашта, дар он омӯзгорони фаъол ва соҳибтаҷриба ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни он омӯзгорон дарсҳои намунавӣ гузаронда, шаклу усулҳои фаъоли таълими забони русиро пешниҳод ва таҷрибаҳои муфиди худро мубодила карданд.
Бино ба гуфтаи масъулони семинар ин чорабинӣ ба минбари муҳими табодули таҷриба ва баланд бардоштани малакаи касбӣ табдил ёфт. Дар ҷамъбасти кори семинар мушовири методии шуъбаи маориф Ҳабибахон Зокирова баромад намуда, омӯзиши хориҷӣ, бахусус таълими муосири забонҳои русӣ ва англисиро аз талаботи муҳими замон номид.
Пешниҳод шуд, ки баргузории чунин семинарҳо бо назардошти таҷрибаи муассисаҳои беҳтарин бештар роҳандозӣ гардад, то омӯзгорон донишу малакаи худро пайваста такмил диҳанд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”