аз 21 ноябри соли 2025, № 607, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, № 470
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Гурӯҳи 69 «Маснуоти керамикӣ» замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, №470 «Дар бораи Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноккунии таъсири паёмадҳои манфии воридоти кошин ва серанитро ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати ирсоли минбаъда ба котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод намоянд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.
4. Қарори мазкур аз 1 декабри соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН