Кишоварзони ризқофари шаҳри Кӯлоб бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд.
Меҳнаткашони шаҳр то 25-уми ноябри соли равон 6000 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то имрӯз 16 шаҳру ноҳия - Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ ва Кӯлоб пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд.
То имрӯз ноҳияҳои Фархор – 66, Восеъ – 55 ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 40 дарсад иҷрои дурнамои пахтаро иҷро кардаанд.
Пахтакорони вилоят аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта 5-уми ноябр мужда дода буданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”