![]()
25-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ ва қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ ба ноҳияҳое, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намудаанд, электромобил тақдим гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, диққати махсус зоҳир менамоянд. Истифодаи усулҳои нави инноватсионӣ, тухмиҳои серҳосил ва риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон дод, ки пахтакорони Суғд соли равон дастовардҳои худро афзоиш диҳанд.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти омор, то имрӯз дар вилоят 118 ҳазору 223,2 тонна пахта захира шудааст, ки беш аз 90 дарсади нақшаи солона буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40 000 тонна бештар мебошад.
Раҷаб Аҳмадзода зикр кард, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ва меҳнати содиқонаи кишоварзон ноҳияҳои Спитамен, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров тавонистанд нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намоянд.
Қаблан, дар ҷамъбасти даври сеюми мусобиқаи меҳнатӣ ба ноҳияи Спитамен автомашинаи сабукрав тақдим гардида буд. Ин дафъа бошад, ба раисони ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дар фазои тантанавӣ калиди электромобилҳо тақдим гашт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»