Баргашт Чоп кардан

РАҲИ РАСТАГОРӢ. ИСТИҚБОЛ АЗ ТАҚСИМИ “ШОҲНОМА”-И АРМУҒОНӢ


Чандест, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷашни шараф аз ифтихори ватандорист, ба мардуми кишвар ҳамчун туҳфаи идона шоҳасари беназири шоири муқтадир Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» дастрас мешавад. «Шоҳнома» қомуси таърихи миллат аст ва ин ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиру бесобиқа мебошад.
Мавзуъҳои ватандӯстӣ, сулҳгароӣ, хирадпарварӣ, тарғиби дӯстию рафоқат ва хушгуфторию накукорӣ дар меҳвари ин асари безавол ҷой гирифтаанд. «Шоҳнома» дар баробари як шоҳкории адабию фарҳангию таърихӣ будан, хазинаи панду андарз аст ва хонандагонашро ба некию накукорӣ ва инсони комилу хушгил будан даъват мекунад. Акнун, ки ҳама ба шарофати ибтикори хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шоҳнома» дар хонадон дорем, бароямон имкони хубе фароҳам омада, ки бештар гӯш ба андарзи созандаи ҳакими бузург Абулқосим Фирдавсӣ бидиҳем, онро чун раҳнамои зиндагӣ бипазирем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем. Аз ин ба баъд «Шоҳнома» яке аз ганҷинаҳои беназиру пурарзиши ҳар хонаводаи тоҷик хоҳад буд. Ин ганҷинаро набояд ҷое ба таври ҳамешагӣ маҳфуз дошту ҷойбаст кард, балки онро бояд пайваста рӯйи даст гирифту мутолаа бинмуд ва баҳраҳо бардошт.
Фирдавсии бузург некӣ карданро беҳтарину манфиатбортарин амали инсон медонад:
Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред.


Муҳимтарин роҳи ворастагӣ аз бандҳои зиндагӣ ва аз ҳама нокомиҳо ҳамин некӣ кардан аст:
Ба некӣ гарою маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.


Ҳеҷ кас, табиист, ки дар ҷаҳон ҷовидон намепояд ва рӯзе тарки олам мегӯяд, вале аз ӯ бояд номи нек бимонад, мардум ба некӣ ёдаш бикунанд. Барои ин ҳар шахсро лозим аст, то накукорӣ пеша намояд, дар марзи ҳастӣ ҷуз ба тухми некӣ накорад ва некӣ карданро мароми зиндагии худ донад. Ба ин маънӣ Фирдавсӣ чунин хикмат пеш меорад:
Ҳама некуӣ пеша кун, гар тавон,
Ки бар кас намонад чаҳон ҷовидон.


Ва илова мекунад:
Агар нек бошӣ, бимонад-т ном,
Ба тахти каёнӣ бувӣ шодком.


Ҳамбаста ба ситоиши некӣ кардан, бадкирдориро сахт маҳкум менамояд:
Ту тухми бадӣ то тавонӣ макор,
Чу корӣ, барат бад диҳад рӯзгор.
Зи бад кардан омад ба ҳосил зиён,
Агар бад кунӣ, ғам барӣ аз миён.


Беҳ он бувад, ки ҳама некиро шиор бикунем, нафрату парҳез аз бад дошта бошем, дасти ҳамдигар бигирем:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.


Нодира ЭЛБОШЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
МТМУ №35-и ноҳияи Рӯдакӣ