Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо, намояндагон аз Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Арбобони санъати Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ доштанд.
Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогика, профессор Ҷумахон Файзализода дар ифтитоҳи чорабинӣ гуфт: «Ҳошим Гадо, Ҳунарпешаи халқии СССР, профессор, доктори фахрии илм, соҳиби даҳҳо унвонҳои ифтихорӣ, ҳамчун ҳунарманд ва коргардон муаррифи миллати мост. Ӯ дар чанд соли охир гардиши тозае карду ҳунарро бо қалам пайваст ва 600 ҷилд китоб навишт, ки кори осоне нест. Давоми солҳои охир ҷилдҳои қаблии китобҳояшро ба хазинаи Китобхонаи миллӣ меовард, аммо имрӯз, дар остонаи 86-солагӣ якбора 100 ҷилд аз китобҳо ва аксҳои нодир аз фаъолияти эҷодии худ ба Китобхона армуғон кард. Кормандони мо низ, дар баробари ин ҳама, лутфи устод “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”-ро омода ва чоп карданд».
Устод дар китобҳояш дар бораи эҷодиёти худ дар кинову театр, гузаштагони барӯманд, файласуфону ҳакимон, шоирону нависандагон, сарлашкарони асрҳои мозӣ, шоҳону амирони замони қадим, пажӯҳишгарону ихтироъкорон, оҳангсозон, мусаввирон, драматургону ҳунармандони бузург, ҷаҳонгардони маъруф менависад. Назару баҳои худро ба зиндагии муосир, театрҳои кишварҳои гуногун, чашмандозашро ба актёрҳои садаи ХХ - ХХI менигорад. Ҳамзамон, бо дарду гудоз кӯдакӣ, ҷавонӣ ва замони донишҷӯии бебаҳои худро дар шаҳри Москва дар шакли очерки тарҷумаиҳолӣ ёд мекунад. Хотираву қиссаҳои ӯ дар мавриди наворгирии филмҳо, басаҳнагузории намоишҳо, вохӯриву ҳамкориҳо бо шахсиятҳои машҳури олами ҳунар шавқоваранд. Хонанда метавонад тавассути осори ӯ роҳи тақрибан садсолаи ҳунари театру кинои тоҷикро бубинад ва баҳогузорӣ кунад.
Хотиррасон бояд кард, ки дастури библиографии мазкур бо ташаббуси шуъбаи илмӣ-методӣ ва тадқиқотии Китобхонаи миллӣ чоп шуд ва барои доираи васеи олимони санъати театр ва кино пешниҳод мегардад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»