Баргашт Чоп кардан

АМИТ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ


Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори маҳфили илмии «Хирад» ба ифтихори 55-умин солгарди фаъолияти илмию пажӯҳишии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявии «Таърихи халқи тоҷик дар қаринаи таърихнигории муосир: давраи қадим, асрҳои миёна ва нав» баргузор гашт.
Таъкид гашт, ки олими шинохта Абдуқаҳҳор Саидов пас аз хатми риштаи забони арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои 1972-1975 дар аспирантураи Институти шарқшиносии шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳсил карда, сипас, дар АМИТ ба омӯзиши таърихи асрҳои миёнаи Хуросони Бузург даст задааст. Пажӯҳишгар зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, 26 рисолаи мукаммали илмӣ-таҳқиқотӣ нашр намудааст.
Вақте ки Абдуқаҳҳор Саидов ба эҷоди китоби наваш «Вазъи сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри XIII-нимаи аввали асри XIV» дар асоси мақолаҳои дасти аввал пардохт, чунин суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар қарнҳои гуногун дар асари тохтутози аҷнабиён мардуми шаҳрҳои овозадори тоҷик борҳо аз дами шамшер гузашта, марказҳояш хароб шуданд. Албатта, талх аст ба ёд овардани шикасту таназзули давлату миллат, лекин аз рӯйдодҳои воқеии таърихӣ чашм пӯшида наметавонем. Бояд онҳоро биомӯзем, бидонем, ба фарзандон фаҳмонем, то ки аз гузашта ибрат бигиранд. Рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст», сармашқи фаъолияташ гардиданд, ки дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих». Китоби якум «Аз Ориён то Сомониён» зикр карда буданд.
Дар таърихи халқи тоҷик садаи XIII ва нимаи аввали садаи XIV яке аз давраҳои пурфоҷиа ва мудҳиш ба шумор меравад. Муаллиф ҳангоми тасвири воқеаҳои он замон аз манбаъҳои зиёд, аз ҷумла асарҳои илмиву таҳқиқотии муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ фаровон истифода бурда, китоби мондагоре офаридааст. Таърихнигори мумтоз Ҳамза Камол ба ин махзани дониш чунин баҳо додааст: «Рисолаи профессор Абдуқаҳҳор Саидов «Вазъи сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри XIII-нимаи аввали асри XIV» асари арзишманд дар илми таърих буда, он натиҷаи заҳматҳо, пӯишҳо ва ҷӯишҳои муаллиф дар пажӯҳиши рухдодҳои сиёсии Хуросони Бузург ва Эрон дар асри XIII-нимаи аввали асри XIV маҳсуб мешавад». Аз хулосаи муаллиф низ бармеояд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсии кишвар дар ин давра чароғи ҳаёти маданию фарҳангӣ хомӯш нагашта, аз ҷониби мутафаккирону олимон дар соҳаҳои мухталифи илм асарҳои зиёде ба забони тоҷикӣ таълиф гардиданд.


Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»