Баргашт Чоп кардан

ҚОНУН. МУЗДИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ БУҶЕТӢ 17,1 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 баррасӣ гардида, Қонун қабул шуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки Қонуни мазкур бо мақсади таъмини нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, идомаи ислоҳот дар бахши идоракунии молияи давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани механизмҳои нави маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, дар сатҳи бехавф ва устувор нигоҳ доштани идоракунии қарзи давлатӣ, инчунин, таъмини амнияти миллӣ ва бехатарии кишвар равона гардидааст.
Зикр шуд, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» нақшаи даромади умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 ба маблағи 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд мебошад. Дар ин раванд, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли оянда ба 33,3 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мегардад, ки он нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ 3,4 фоиз зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини саривақтии пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла нафақа, даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2026 ба маблағи 6823,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ташаккули он аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 6792,8 миллион сомонӣ ва мусоидати молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 30,8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
– Дар раванди таҳияи санади мазкур дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар, вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа ироа гардиданд, инчунин, тавсияҳои мақомоти санҷишии кишвар, Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ, меъёрҳои кодексҳои андозу гумрук ва баҳодиҳии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба инобат гирифта шуданд,– гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.


Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”