Дар МДТ “Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон” бо ташаббуси шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрии тарбиявӣ ва иттилоотӣ бо хонандагони синфҳои 8-11 баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии наврасон аз таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, истифодаи маводи нашъаовар ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо роҳандозӣ шуд.
Муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Литсей, Сидиқзода Баракатуллои Исмоил, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои шабонарӯзии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини сулҳу субот дар кишвар ёдовар гардид.
Фирӯз Ҷалолзода, капитани милитсия, муовини сардори кор бо ноболиғони ШВКД-1 доир ба риояи интизому тартибот аз ҷониби хонандагон, пешгирии муноқишаҳо байни наврасон, хатари истифодаи сигор, норгила, телефонҳои мобилӣ дар вақти дарсӣ, ҳузур надоштан ба дарс ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон суханронӣ намуд.
Сипас, Мирзоён Рустам Мирзо, майори Хадамоти гумрук сарнозири шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе, ибрози назар намуда, мавзуъҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод:
• мафҳум ва хатарҳои терроризм ва экстремизм;
• роҳу усулҳои ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароёна;
• пайомадҳои таълимоти ғайрирасмии динӣ;
• таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба шуури наврасон;
• нақши илму дониш дар пешгирии ифротгароӣ;
• хатари маводи нашъаовар ва дигар омилҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ.
Мирзоён Рустам Мирзо зикр кард, ки Хадамоти гумрук дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳои вобаста ба терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи нашъаовар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо назардошти он ки ҷавонон бештар ба хавфу таҳдидҳои иттилоотии муосир дучор мегарданд, огоҳ намудани онҳо яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарғиботӣ ба ҳисоб меравад.
Дар анҷом миёни хонандагон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саволу ҷавоб баргузор гардид. Чорабинӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва мустаҳкам намудани ақидаи мубориза бар зидди ифротгароӣ дар байни наврасон аҳамияти муҳим дорад.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ чунин вохӯриҳоро дар таълимгоҳҳои пойтахт ва минтақаҳои кишвар идома хоҳад дод.
Таҳлили рафти вохӯрӣ нишон медиҳад, ки баргузории чунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ барои муассисаҳои таълимии кишвар аҳамияти амалӣ ва иҷтимоии зиёд доранд. Дар шароити афзоиши хатари ҷиноятҳои фаромиллӣ, густариши иттилооти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва талоши гурӯҳҳои ифротгаро барои ҷалби ҷавонон, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва ҳуқуқии наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чунин мулоқотҳо ба хонандагон имконият медиҳад, ки саволҳои мубрами худро мустақиман матраҳ намоянд, хатарҳоро аз забони мутахассисон бишнаванд ва дар бораи масъулияти ҳуқуқии худ маълумоти дақиқ гиранд. Ин навъи ҳамкорӣ миёни мактаб ва ниҳодҳои давлатӣ на танҳо сатҳи огоҳии ҷавононро боло мебарад, балки ба ташаккули тафаккури дуруст, худшиносии шаҳрвандӣ ва фарҳанги итоат ба қонун мусоидат мекунад.
Бо дарназардошти нақши калидии ҷавонон дар рушди ҷомеа, идомаи чунин вохӯриҳо метавонад ба таҳкими амнияти иттилоотӣ, коҳиши омилҳои хавфзо ва тарбияи насли огоҳу масъул дар кишвар заминаи устувор фароҳам орад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”