Баргашт Чоп кардан

ОФТОБ ХОНАҲОРО ГАРМУ ЧАРОҒОН МЕКУНАД


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-уми ноябри соли равон дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки барои амалисозии Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, барои иҷрояш тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот манзур созанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дастур доданд, ки мавзуи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар омӯхта шавад.
Дарвоқеъ, солҳои охир истифодабарии энергияи Офтоб дар бисёр кишварҳои пешрафта вусъат мегирад, энергияи Офтоб барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза буда, зимни истифодаи он газҳои гулхонаӣ хориҷ намешаванд. Таҷҳизоти офтобӣ садои баланд надоранд ва ба муҳити зист зарар намерасонанд.
Дар Тоҷикистон соле 280-330 рӯзи офтобӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, насби таҷҳизоти офтобӣ манфиати зиёд меорад. Тибқи маълумоти ташкилоти «Carbon Brief» тайи 10 соли охир дар Британияи Кабир бо насби дастгоҳҳои офтобию шамолӣ истеҳсоли неруи барқ ду маротиба афзуда, истифодаи ангишт ва газ ҳамин андоза кам гардид. Соли 2024 дар ин мамлакат беш аз 45 дарсади неруи барқ аз ҳисоби энергияи офтоб, шамол, биомасса, биогаз (аз партовҳои шаҳрҳо) ва ғелакҳои чӯбин истеҳсол шуд.
Аз ҷиҳати истеҳсоли барқи офтобӣ ва шамол Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Миқдори соатҳои офтобӣ дар Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо нисбат ба Тоҷикистон ду маротиба камтар аст, вале дар ин мамлакатҳо чандин сол боз миллионҳо панелҳои офтобӣ неруи барқ дода истодаанд. Тибқи маълумоти Агентии шабакаҳои барқии Олмон то соли 2030 теъдоди неругоҳҳои офтобии ин кишвар ба 12 миллион хоҳад расид. Дар соли 2024 қариб 200 ҳазор балконҳои сокинон бо таҷҳизоти офтобӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Ин имкон дод, ки мардум аз қиматшавии нархи истифодаи неруи барқ зарар набинад. Ҳукумати Олмон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 қариб 80 дарсади истеҳсоли умумии неруи барқро аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба роҳ монад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ ба муносибати 60-солагии таъсисёбии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истифодаи энергияи алтернативӣ таваҷҷуҳ намуда, чунин таъкид карданд: «Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи Офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 дарсад кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об аз коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд».
Бовар дорем, ки соҳибкорони мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, корхона, ошхона ва марказҳои тиҷоратию хидматрасониҳояшонро бо таҷҳизоти офтобӣ муҷаҳҳаз гардонда, дар баланд шудани иқтидори энергетикии кишварамон саҳми худро мегузоранд.


Сайфиддин СУННАТӢ, узви клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон