Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се давра гузашт, ҷамъбаст гардид. Дар фестивали мазкур Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Қабл аз оғози фестивал иштирокчиён аз намоишгоҳи ҳунари чакан, ки аз ҷониби ҳунармандон ва косибони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил гардида буд, дидан намуданд.
Матлубахон Сатториён, аз ҷумла гуфт: «Ҳар миллат ба ҷуз муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангие дорад, ки тавассути он ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Чакан ҳамчун пироҳани тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон санъату ҳунари мардумро нишон дода, бренди миллат гардид. Эътирофи Ташкилоти ЮНЕСКО далели ин гуфтаҳоянд».
Ин фестивал гиромидошти арзишҳои асили фарҳангист, ки ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ дар матоъҳои миллӣ, намоиши ҳунари волои тарроҳону чакандӯзон, сӯзанидӯзон ва ҳунармандони ватанӣ равона шудааст.
Тазаккур дода шуд, ки фестивал дар се давр дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат сурат гирифта, даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз ва тарроҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз 14 март то 10 апрел дар марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюми фестивал то 25 апрел дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.
Ҷамъбасти Фестивали мазкур ба арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила рост омада, бо иштироки беҳтарин ҳунармандон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст.
Маҳз баргузории чунин ҳамоишҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ ба баланд бардоштани тамаддун, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии зебою шинами бонувон, равнақи фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф суръати тоза мебахшад. Инчунин, ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану попурӣ, читу атласу адрас, дӯхтани тоқиву ҷузвдон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занон мусоидат менамояд.
Дар ин раванд бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатию истеҳсолӣ, марказҳои ҳунармандӣ ва чакандӯзӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ҷамъбасти фестивал Кумитаи кор бо занон ва оила иштирокдорони фаъолро аз вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ бо Дипломҳо, туҳфаҳои пулӣ ва армуғонҳои сазовор қадр кард.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»