Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НУМАН КУРТУЛМУШ


2-юми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла дар арсаи дипломатияи парлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои фарогир бо Туркия дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хоса доранд.
Ба муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар барои густариши робитаҳои гуногунҷанба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.
Тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Дар ин робита таъкид гардид, ки кишварҳои мо имконият доранд, дар соҳаҳои афзалиятноки саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий, амалисозии тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ҳамкории бештар дошта бошанд.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ василаи муҳими густариши робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро таъкид сохтанд.
Ҳамчунин, доир ба ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.