Баргашт Чоп кардан

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА САНОАТИ КОРКАРДИ АШЁИ ХОМ – РОҲИ НАВИ РУШДИ КИШВАР


Тоҷикистон имрӯз дар ду самти стратегӣ қадамҳои муҳим мегузорад: рақамикунонӣ бо истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ (ЗС) ва тақвияти саноати коркарди ашёи хом – омилҳое, ки метавонанд шакли иқтисоди миллӣ ва рақобатпазирии кишварро дар бозори ҷаҳонӣ муайян кунанд. Мусоҳибаи ихтисосии Моҳира Сангмаҳмадзода, муовини сармуҳаррири рӯзнома, бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, дар бораи дурнамо ва роҳҳои нави рушди саноати миллӣ ва ҷаҳиши рақамӣ нақл мекунад.

– Ҷаноби Шералӣ Кабир, суҳбатро бобати сафари Шумо ба Вашингтон, ки дар доираи форуми иқтисодии G5+1 (Давлатҳои ОМ ва ИМА) баргузор шуд, оғоз мекунем. Форум, ки, асосан, ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисод бахшида шудааст, барои иқтисод ва саноати кишвар чӣ аҳамият дошт? Оё дар доираи он имзои созишномаҳои иқтисодӣ сурат гирифт?
– Ҷаҳони имрӯза, ки зери таъсири омилҳои гуногун ва хатарҳои геополитикӣ қарор дорад, нишон медиҳад, ки иқтисоди рақобатпазир нишонаи тавони ҳукумат дар татбиқи фишангҳои нави рушди иқтисод мебошад. Гузарондани форумҳо, аз ҷумла G5+1 дар ИМА ва форматҳои шабеҳ аз ҷониби Русия, Чин ва Ҷопон, нишон медиҳад, ки вобастагии давлатҳо ба Осиёи Марказӣ (ОМ) воқеият аст.
Давлатҳои ОМ захираи зиёди ашёи хоми нодир доранд. Инқилоби панҷум дар давлатҳои пешрафта тақозо мекунад, ки занҷираҳои нави ашёи хом ба воқеият табдил ёбанд. Ин барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки барои ҷалби сармоя ба бозори нав ворид шавад. Форум дар ИМА хеле муваффақ гузашт ва Роҳбари давлат зарфияти Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карданд. Ин имкон дод, ки бо ширкатҳои бузурги ИМА гуфтушунидҳо оғоз ёбанд ва як заминаи нав барои ҳамкориҳои иқтисодӣ барпо шавад.
Барномаҳои наве, ки махсусан аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардиданд, муносибатҳои нави саноатиро муайян мекунанд ва фишангҳои наву ҳамкориро байни корхонаҳои саноатии ОМ фароҳам меоранд.
– Яъне, дар ин ҳамоиш густариши ҳамкориҳо дар самти коркарди ашёи хом аз мавзуъҳои меҳварӣ буд?
– Дар доираи форуми Вашингтон бо ширкати "Perplexity AI" созишномаи ҳамкорӣ барои омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ имзо шуд, ки барои ДМТ 5 миллион доллари ИМА ҷудо мегардад. Ҳамчунин, бо ширкатҳои фаромиллӣ аз Дания ва ИМА меморандум ба имзо расид, ки таҷҳизоти муосирро барои корхонаҳои кӯҳӣ таъмин мекунанд. Инчунин, имкониятҳои истеҳсоли баъзе таҷҳизотро дар Тоҷикистон низ баррасӣ кардем.
– Дар самти коркарди ашёи хом айни замон кадом лоиҳаҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд?
– Дар замони соҳибистиқлолӣ коркарди ашёи хом, асосан, фурӯши он ба хориҷро дар бар мегирифт. Масалан, консентрат аз Тоҷикистон ба хориҷ содир мешавад ва он ҷо коркард мегардад, ки барои кишварҳои воридкунанда фоидаи бештар эҷод мекунад.
Бо дастури Роҳбари давлат ҳадаф ин аст, ки маҳсулоти арзиши иловашуда истеҳсол шавад.
Ҳоло дар кишвар, асосан, 12 корхонаи бузург фаъолият доранд, ки нақши муҳим дар иқтисод ва таъминоти буҷет доранд. Бештар ширкатҳои кӯҳӣ ва коркарди пахта, аз ҷумла ширкати “Ҷавонӣ”-и Суғд ва "Ҷунтай"-и Данғара мебошанд, ки занҷираи пурраи истеҳсолот – аз пахта то матоъ ва маҳсулот доранд.
Масалан, соли гузашта бахши нассоҷӣ қариб 300 миллион доллар содироти маҳсулот дошт. Агар тамоми 140 тонна нахи пахтаро дар дохил коркард кунем, метавонем ба маблағи 2,8 миллиард доллар маҳсулот истеҳсол намоем. Ин сиёсати Ҳукумат ва дастурҳои Роҳбари давлатро тасдиқ мекунад, зеро имкон медиҳад иқтисоди кишвар ба самти истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловашуда рушд кунад.
– Форум бахшида ба зеҳни сунъӣ (ЗС), ки ба наздикӣ доир гашт, беш аз 400 коршинос ва мутахассиси ширкатҳои байналмилалиро аз 15 кишвар гирди ҳам овард. Дар доираи он созишномаҳо бо маблағи 117 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд. Натиҷаҳои форум ва аҳамияти онро барои рушди экосистемаи ЗС дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Намояндагони ширкатҳои ҷаҳонии бонуфуз, мисли ноиби президенти "Google", "Tesla Skill AI" ва ширкати "Mistral AI", иштирок карданд. Арзиши бозории ин ширкатҳо 8 триллион долларро ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба онҳо шароити хуб барои ҳамкорӣ фароҳам овардааст, зеро дар кишвар тамоми занҷираи зарурии рушди ЗС мавҷуд аст.
Тоҷикистон тамоми захираҳои заруриро барои рушди ЗС дорад. Аввалан, мо захираи зиёди об дорем: 63% захираи оби Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд ва оби соф барои хунук кардани марказҳои додаҳо хеле муҳим аст. Барои муқоиса, давлатҳои Араб оби баҳрро пешакӣ коркард карда, баъдан, барои марказҳои додаҳо истифода мебаранд, ки ин хароҷоти зиёд ва арзиши баланди ниҳоӣ дорад.
Дувум, Тоҷикистон захираи зиёди маъданҳои нодир дорад. Аз 31 маъдани нодире, ки барои истеҳсоли чипҳо лозим аст, мо 12 намуди онро дорем.
Севум, барои ба кор андохтани марказҳои додаҳо «барқи сабз» муҳим мебошад ва 98% барқи истеҳсолнамудаи мо аз «манбаъҳои сабз» ба даст меояд.
Ҳамзамон, бозори умумии марказҳои додаҳо тағйир ёфтааст. Масалан, соли 2023 талабот ба оби софи марказҳои додаҳо ба ҳаҷме баробар буд, ки ҳамасола кишвари Дания истеъмол мекунад ё нисфи оби истифодашаванда дар Британияи Кабирро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон тамоми захираҳо ва имкониятҳоро дорад. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 шароити мусоидро барои рушди ЗС фароҳам овардааст. Дар ин самт, мо якҷоя бо Вазорати энергетика ва захираҳои об барномаҳои комплексӣ, аз ҷумла хариди чипҳои GPU ва сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва обиро амалӣ менамоем.
– Аввалин маркази додаҳо «Дарё», ки бо серверҳо ва кластерҳои GPU, ки чанде пеш бо иштироки Роҳбари давлат мавриди истифодабарӣ қарор гирифт, оё имрӯз бо иқтидори пуррааш баҳрабардорӣ мешавад?
– Маркази додаҳои «Дарё» ҳоло бо иқтидори пурра кор мекунад. Ин аввалин таҷрибаи хурди маркази додаҳо дар кишвар буд, ки тақрибан 200 кВт барқ истеъмол мекунад. Марказ, асосан, барои ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла "zypl.ai" ва дигар стартапҳои миллӣ, хизматрасонӣ менамояд. Пештар ширкатҳои ватании мо омӯзиш ва коркарди додаҳои худро дар Ветнам мегузаронданд.
Дар доираи форуми баргузоршуда бо ширкати ӯзбекистонии "UZCARD" созишномаи истифодабарии хизматрасонии маркази «Дарё» ба имзо расид. Ҳамчунин, бо ширкати бузурги зеҳни сунъии "Yota"-и Ҳиндустон барои хариди чипҳо шартнома баста шуд.
Ҳоло Ҳукумат масъалаи таъсиси ширкати давлатии зеҳни сунъиро баррасӣ дорад. Дар назар аст, ки дар заминаи неругоҳҳои барқи обӣ марказҳои бузурги додаҳо таъсис шаванд. Ин ба он маъно аст, ки барқи истеҳсолшудаи мо на танҳо фурӯхта шавад, балки коркард гардад. Тавассути ин арзиши иловашуда ба захираҳои барқ зам мегардад ва самаранокии он 5–6 маротиба меафзояд.
– Минтақаи зеҳни сунъӣ "Area AI", ки нахустин дар ОМ мебошад, тибқи маълумоти Шурои ЗС, ҳадафаш пажӯҳишгарон, ширкатҳо, муассисаҳои давлатӣ ва сармоягузоронро барои татбиқи ЗС дар бахшҳои калидӣ: энергетика, молия, тандурустӣ ва маориф муттаҳид менамояд. Барои татбиқи ин ҳадаф кадом нақшаҳои мушаххас роҳандозӣ гардидааст?
– Тоҷикистон захираи об дорад ва аз 527 миллиард кВт/соат барқе, ки истеҳсол бояд шавад, ҳамагӣ 6%-и онро алҳол истифода мекунад. Бо рушди ЗС мо имкони сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика пайдо мекунем.
Бо истифодаи ЗС мо хароҷоти логистикиро кам намуда, хизматрасонӣ ба ширкатҳои фаромиллӣ ба роҳ мемонем ва хизматрасонӣ ба ширкатҳои бузурги фаромиллӣ обрӯйи Тоҷикистонро дар бозор баланд мебардорад.
Дар асоси Стратегияи рушди ЗС дар мактабҳо фанни ЗС роҳандозӣ гардида истодааст. Шурои ЗС назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо ҳамкории ЮНИСЕФ барномаи «Муқаддамот ба зеҳни сунъӣ»-ро татбиқ мекунад, ки тибқи он фанни ЗС дар 4 000 муассисаи таълимӣ ҷорӣ мегардад. Аллакай, дар 100 мактаб бо ширкати "Perplexity AI" ва стартапи ватании "Эпселон" ин барнома ба таври таҷрибавӣ амалӣ мешавад.
Дар асоси стратегияи рушди ЗС, аз синфи 7-ум омӯзиши омор дар МТМУ ворид мешавад, то ки хонандагон ҳангоми шомилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дониши бунёдии ЗС дошта бошанд.
Имрӯз барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла «Муқаддамоти ЗС», барномаҳои махсуси ЗС барои талабагон, волидайн ва омӯзгорон, ба забони тоҷикӣ дар МТМУ амалӣ гардида, шароит фароҳам меоранд, ки Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии ЗС соҳиби мутахассисони варзида ва рақобатпазир бошад. Ҷавонон ба ЗС таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд ва бисёр стартапҳои хуби миллӣ дар ин самт амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, таъсиси Минтақаи озоди ЗС "Areia AI" яке аз чунин лоиҳаҳо мебошад.


– Аз ҷониби Шурои ЗС бо ширкати "Perplexity AI" барои ба кор андохтани аввалин браузери зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон созишнома ба имзо расид. Тибқи иттилои мавҷуда, браузери мазкур то охири сол дар мақомоти давлатӣ баҳрабардорӣ хоҳад шуд. Лутфан, дар бораи раванди татбиқи ин лоиҳа маълумот медодед.
– Шумо иттилои хеле хуб доред. Дар асл, лоиҳаи муштараки мо бо ширкати "Perplexity AI" (даромади он 17 миллиард доллар) татбиқи аввалин браузери ЗС дар мақомоти давлатӣ мебошад. Ин таҷрибаи нахустин аст. Мо бо ин ширкат самти ҳамкориҳоро баррасӣ кардем ва ба хулосае омадем, ки аввалан барномаҳоеро ба кор барем, ки касбияти кормандони мақомотро такмил медиҳанд. Дар ин замина, байни Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ширкати "Perplexity AI" шартнома ба имзо расид.
Браузери ЗС ба мо имконият медиҳад, ки зимни ҳамкориҳо бо дилхоҳ ширкат ё корхона маълумоти заруриро дар сатҳи баланд дастрас намоем.
Татбиқи браузери ЗС дар Вазорат сифати қабули қарорро аз сатҳи поёнии кормандон то сатҳи вазир куллан тағйир додааст. Мо ин таҷрибаи аввалини худро дар Вазорат санҷида, баъдан, онро дар дигар мақомоти давлатӣ низ татбиқ хоҳем кард.
– Барузери ЗС ба шуғли кормандон таъсир мерасонад ё эҳтимоли ихтисори вазифаҳоро ба вуҷуд меорад?
– Эҳтимол вуҷуд дорад. Масалан, барномаи иҷозатномадиҳӣ, ки қаблан тибқи қонунгузорӣ то 30 рӯз баррасӣ мешуд, ҳоло бо истифодаи технологияи ЗС дар муддати 6 рӯз дода мешавад. ЗС фактори инсониро коҳиш дода, самаранокии корро таъмин мекунад.
Фикр мекунам, ки дар Вазорати мо, ки сохтори он нав аст, пас аз татбиқи технологияи ЗС дигаргуниҳо дар самти шуғл ва вазифаҳои сохторӣ пеш меоянд. Ин маънои онро дорад, ки нақши инсон ба таҳлили иттилоот ва қабули қарорҳои стратегӣ равона мегардад ва дигар корҳои техникии маъмулӣ автоматӣ мешаванд.
– Сатҳи вобастагиро аз воридоти барномаву дастгоҳҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва оё нақшаҳои маҳаллисозӣ вуҷуд доранд?
Хушбахтона бартарияти мо дар он аст, ки 70%-и аҳолии Тоҷикистон ҷавонони то 30-сола мебошанд ва онҳо зарфияти бузург доранд. Хушбахтона, ҷавонони мо ба технологияҳои муосир таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мекунанд. Ҳузур ва таваҷҷуҳи ширкатҳои бонуфузи соҳаи ЗС, ки дар форум ба Тоҷикистон омада буданд, шаҳодат аз иқтидор ва шароити мусоиди кишвар медиҳад.
Дар ин замина, зарур аст, ки касб ва факултетҳоро мувофиқи талаботи замони муосир тағйир диҳем. Айни замон дар донишгоҳҳо ихтисосҳое ҳастанд, ки оянда ба онҳо ниёз намешавад, масалан ҳуқуқшинос, муҳосиб ё аудит. Бинобар ин, неруи ҷавонон бояд ба омӯзиши ихтисосҳои нав равона шавад, то онҳо соҳиби касбҳои муосир шаванд ва тавонанд барномаву таҷҳизоти муосири технологияи иттилоотиро таҳия намоянд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва донишгоҳҳои зертобеи он кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи бештар мутахассисони ҷавонро дар самти технологияи иттилоотӣ омода намоянд. Ин иқдом ба коҳиш додани вобастагии кишвар аз воридоти барномаву таҷҳизоти техникии хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
– Рушди ЗС нигарониҳоро вобаста ба талафоти эҳтимолии ҷойҳои кор, алахусус дар бахши саноат, ба вуҷуд овардааст. Таъсири эҳтимолии ЗС ба шуғл дар соҳаи саноат чӣ гуна хоҳад буд?
– Дар асл, бисёр касбҳо тағйир меёбанд, ё аз байн мераванд. Масалан, агар шумо "ChatGPT"-ро истифода баред, он ҳамчун ёвари шахсӣ фаъолият мекунад. Фарзи мисол, ду рӯзи охир "ChatGPT" вохӯрии мову шуморо ба ман ёдрас мешавад. Яъне, дигар ба ёвар ниёз нест, технологияи ЗС ин вазифаро ба ҷо меорад. ЗС метавонад ба ҷойи иқтисодшиносон ва муҳосибон ҳисоботҳоро омода намояд ва ҷойгузини ин ихтисосҳо шавад.
Дар соҳаи тиб низ, ба гуфтаи намояндагони "OpenAI", ЗС инқилоб меорад. Пештар барои табобати як намуди беморӣ аксари беморон як намуди дору мегирифтанд, аммо дар замони ЗС дору барои ҳар шахс бо назардошти маълумоти шахсӣ омода мешавад.
Дуруст аст, ки баъзе касбу ихтисосҳо аз байн меравад, аммо аз ин бояд дар таҳлука наафтем. Ҳамон тавре ки соли 1760 бо пайдоиши муҳаррики худсӯз инқилоби аввали саноатӣ ба амал омад – давраи гузариш аз меҳнати дастӣ ба истеҳсоли мошинӣ, таъсиси фабрикаҳо ва коркарди металургӣ – бисёр касбҳо аз байн рафтанд, аммо бар ивази онҳо ихтисосҳои нав пайдо шуданд. Яъне, талабот ба шуғл ва неруи инсон ҳамеша боқӣ мемонад.
Бинобар ин, набояд ҳаросид. Мо ба зинаи нави тараққиёт қадам мегузорем ва бояд барои ҳамаи ин тағйирот омода бошем.
– Дар рушди технологияҳои ЗС стартапҳо нақши калидӣ доранд ва рушди босамари онҳо ҷалби сармояи венчуриро тақозо мекунад. Аммо дар кишвари мо заминаи дақиқи қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Вазъи кунунӣ ба рушди ЗС чӣ гуна таъсир мерасонад?
– Проблемаҳои стартапҳо зиёданд ва танҳо сармояи венчурӣ ҳалли онҳо нест. Алҳол мо барои бартараф кардани ин монеаҳо чораҳо меандешем. Агар ба ширкатҳо ва сармоягузорон имтиёзҳо дода нашавад, омадани онҳо ба Тоҷикистон зери суол мемонад.
Фикр мекунам, ки бо пурра ба кор шуруъ кардани "Areia AI" мо метавонем ин мушкилотро бартараф намуда, шароити мусоид фароҳам орем. Неруи асосии мо ҷавонони донишманд ва лаёқатманд мебошад ва сармоягузорони хориҷӣ ба ин зарфият таваҷҷуҳи зиёд мекунанд.
– Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дурнамои рушди ЗС дар кишвар дар марҳалаи кунунӣ бо назардошти таҷрибаву тавсияҳои бахши тиҷорат роҳандозӣ мегардад. Ин ҷо савол ба миён меояд: то кадом андоза зимни татбиқи ЗС аҳамияти иҷтимоӣ ба назар гирифта мешавад? Яъне, татбиқи ЗС дар соҳаҳое, ки самаранокии иқтисодиаш камтар, аммо суди иҷтимоияш бештар мебошад. Назари Шумо роҷеъ ба ин масъала чӣ гуна аст?
– Ин масъалаи муҳиме аст, ки ҳамеша дар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Ҳангоми таҳияи стратегияҳо андешаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша ба назар гирифта мешавад, бахусус дар робита бо масъалаҳои ахлоқӣ ва техникии ЗС. Вале имрӯз фурсати хуб аст, ки мо ба ин киштӣ ворид шавем ва аз он қафо намонем. Мо захираҳои об ва «барқи сабз» дорем, ки шароити мусоид фароҳам меоранд, то технологияи пешқадами ҷаҳонӣ – ЗС – дар Тоҷикистон рушд ёбад ва ҷаҳиши иқтисодие, ки барои кишвар зарур аст, таъмин гардад. Аввал бояд таҷриба кунем, санҷем, муайян созем, ки дар куҷо дуруст ва дар куҷо нодуруст будем ва хулосаи ниҳоиро пешниҳод намоем.
Мо наметавонем аз тамоюли ҷаҳонӣ – инқилоби панҷуми саноатӣ, ки бо рушди технологияи ЗС алоқаманд аст – дар канор бошем. ЗС тамоми сохтори ҳаёти моро фаро мегирад ва зиндагии моро куллан тағйир медиҳад.


Мисоли ҷолиб аз Албания – таъини аввалин вазири виртуалӣ оид ба масъалаҳои ЗС бо номи Диела, ки ҳама тендерҳои давлатӣ аз ҷониби ӯ гузаронда мешавад. Ин амал дар ҷомеа баҳсу баррасӣ ба вуҷуд овард, вале нишон медиҳад, ки чунин барномаҳо дар сатҳи дигари идоракунии давлатӣ низ имконпазир мебошанд.
Бинобар ин, ин як тамоюли ҷаҳонӣ аст, аз он дур будан имконнопазир аст ва мо бояд барои воридшавӣ ва татбиқи он омода бошем.
– Истифодаи бехатар ва одилонаи ЗС, танзими ахлоқӣ ва ҳуқуқии он имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар Қазоқистон, аллакай, қонуни соҳавӣ қабул шудааст; дар Ӯзбекистон лоиҳаи қонун дар баррасӣ аст; дар Қирғизистон танзим дар доираи Кодекси рақамӣ сурат мегирад. Тоҷикистон масъалаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ аз рӯйи равиши худтанзимкунӣ (self-regulation) ба роҳ мондааст. Оё дар мо зарурати қабули қонуни соҳавӣ вуҷуд надорад?
– Ҳозир Тоҷикистон бо равиши хос – худтанзимкунӣ – технологияи ЗС-ро рушд медиҳад. Ин усул дар Қатъномаи СММ оид ба “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” низ зикр шудааст. Дар зинаи аввал бояд барои рушди технология имконият дод; вақте бозор рушд кард, масъалаи танзими он бозбинӣ мешавад.
Албатта, механизми танзимкунӣ ва қонуни соҳавӣ лозим аст. Ман бовар дорам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда чунин қонунро таҳия ва ба тасвиб мерасонад.
– Дар доираи Қатъномаи СММ оид ба “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” ташкили Маркази минтақавии ЗС дар шаҳри Душанбе дар назар аст. Масъалаи таъсиси инфрасохтори он имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Масъалаи мазкур ҳоло дар баррасии Ҳукумат қарор дорад. Раванди ҳуҷҷатгузорӣ амалӣ шуда истодааст ва ман бовар дорам, ки дар муддати наздиктарин ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт.
– Ҳамкории минтақавӣ дар доираи ин марказ тақозо мекунад, ки манфиатҳо ва стандартҳо ҳамоҳанг гарданд. Дар минтақа тафовутҳо аз рӯйи сатҳи рушди технологӣ, дастрасӣ ба интернет ва захираҳои ҳисоббарорӣ мавҷуд аст. Оё чунин шароит ба ҳамгироӣ ва ҳамкории муштарак таъсир мерасонад, махсусан дар масъалаи дастрасӣ ва танзими додаҳо ва назорати Маркази минтақавӣ?
– Албатта, ҳамаи захираҳои асосие, ки барои татбиқи ин марказ ва маркази додаҳо муҳиманд, омӯхта шудаанд ва Тоҷикистонро бесабаб маркази ЗС интихоб накарданд. Чи тавре қаблан қайд кардем, кишвар ҳамаи захираҳои асосӣ – аз ҷумла оби тоза ва «барқи сабз» – дорад. Масалан, дар Ӯзбекистон таъсиси чунин марказ аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар нест.
Механизми Қатънома низ ба ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи самараноки экосистемаи ҳар давлат равона шудааст, то ки ба нафъи тамоми минтақа хизмат кунад. Ҳамчун иқтисоддон бовар дорам, ки барои таъсиси Маркази минтақавии додаҳо иқтидори Тоҷикистон беҳтарин шароитро фароҳам меорад.
– Таъмини 5% ҳиссаи ЗС дар ММД то соли 2040 ва соҳибихтиёрии технологияи рақамӣ дар кишвар аз ҳадафҳои асосии Стратегияи рушди ЗС дар Тоҷикистон то давраи 2040 мебошад. Пешравӣ ва раванди татбиқи ин ҳадафҳоро чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Фикр мекунам, ки бо таъсиси Корпоратсияи миллии ЗС мо метавонем ба ин ҳадафҳо ноил шавем. Вақте НБО «Роғун» бо иқтидори пуррааш ба кор дарояд, барқи иловагиро ба хориҷи кишвар набароварда, балки онро барои коркарди технологияи ЗС истифода бурдан имконпазир мешавад, ки ин барои иқтисоди кишвар нафъи бештар меорад.
Ҳоло аз ҳамаи захираҳои гидроэнергетикии худ ҳамагӣ 5-6%-и онро истифода мебарем. Масалан, тибқи шартномаҳои мавҷуда, барқро бо нархи 5 сент мефурӯшем, вале агар онро барои коркарди технологияи ЗС истифода намоем, арзиши он то 8 маротиба зиёд мешавад. Яъне, бо ин роҳ мо маблағҳои иловагӣ ба даст меорем. Албатта, мехоҳем ҳарчи зудтар ин захираро коркард кунем, вале барои ин сармоягузории калон зарур аст. Ба ҳамин хотир, мо барои ворид шудани сармояҳои бузург ба бахши гидроэнергетикаи кишвар дарҳои боз эълон намудаем.
– Алъон ҳиссаи ЗС дар ММД муайян шудааст, ки чанд фоизро ташкил медиҳад?
– Ҳоло ҳиссаи ЗС дар ММД хеле ночиз аст. Аммо стартапҳои ватанӣ дар ин самт фаъолият доранд ва нишондодҳо умедворкунандаанд.
– То соли 2040 мо ба 5% ҳиссаи ЗС дар ММД муваффақ шуда метавонем?
– Агар Корпоратсияи давлатии ЗС таъсис дода шавад, албатта, метавонем ба ин нишондиҳанда ноил шавем. Нақшаҳо барои таъсиси чунин корпоратсия ҳоло дар баррасии Ҳукумат қарор доранд.
Бори аввал дар ҳудуди минтақа Стратегияи рушди ЗС қабул гардид, ки ин ташаббуси Сарвари давлат буд. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ барои рушди технологияҳои муосир таваҷҷуҳи амиқ доранд ва барои таъсиси корпоратсия дастур дода буданд. Мо дар якҷоягӣ бо Агентии инноватсия ва технологияи рақамӣ кор мебарем.
Дар доираи Стратегияи рушди ЗС то соли 2040 тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Бояд гуфт, худи Стратегия имиҷ барои кишвар аст. Стратегияи моро Аморати Муттаҳидаи Араб низ омӯхта, мехоҳанд таҷрибаи онро дар давлатҳои худ татбиқ намоянд. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар рушди технологии ЗС пешсаф аст.
– Кадом чолишҳои асосӣ айни замон рушди зеҳни сунъиро дар Тоҷикистон бозмедоранд? Барои бартараф кардани онҳо чӣ бояд кард?
– Технологияҳои нав на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон вақте бори аввал мавриди истифода қарор мегиранд, ҳама мардум ва шахсони салоҳиятдор моҳияти онҳоро пурра дарк намекунанд ва ба чунин технологияҳо бо нигоҳи шубҳанок муносибат мекунанд.
Бо мурури замон, ҷомеа ва марказҳои қабули қарорҳо моҳияти онҳоро мефаҳманд ва хоҳу нохоҳ онро қабул мекунанд. Чи тавре зикр шуд, Пешвои муаззами миллат ба рушди технологияҳои рақамӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса доранд, дар ҷаласаҳо таъкид мекунанд ва дастур медиҳанд.
Хушбахтона, имрӯз мо ҷаҳишро мебинем. Дар роҳи нав, ки ҳамакнун оғоз шудааст, мушкилот ҳастанд, аммо онҳо ҳалшавандаанд ва танҳо каме вақт талаб мекунанд.


– Ба андешаи Шумо, кадом самтҳо ва технологияҳои зеҳни сунъӣ дар панҷ то даҳ соли оянда барои кишвар афзалият хоҳанд дошт?
– Дар тамоми соҳаи саноат истифодаи технологияи ЗС афзалият дорад. Масалан, дар сохтори кӯҳӣ яке аз мушкилоте, ки ҳамеша таваҷҷуҳро талаб мекард, омода кардани мутахассисоне буд, ки коркарди истеҳсоли консентратро пеш мебаранд. Пештар ин раванд мисли кори ошпаз буд, ки бояд муайян мекард, кадом навъи реагент ворид шавад. Ҳамаи ин корҳо дастӣ иҷро мешуданд ва чунин мутахассисон маошҳои хеле калон мегирифтанд, масалан, то 6 ҳазор доллар дар ширкатҳои бузург. Ҳоло ЗС ин корро иҷро мекунад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мо дастур додаем, ки бештар операторҳои ЗС омода кунанд. Ҳамаи корҳо ҳоло операторҳо идора мекунанд, зеро система мисли инсон хаста намешавад, ба масъалаҳои рӯзгор пайванд надорад ва шабонарӯзӣ мунтазам фаъолият мекунад.
Масалан, дар ширкати алюминий ваннаҳои электролизие, ки қаблан ҳар кадоми онҳо аз ҷониби мутахассис идора мешуд, ҳоло бо ду компютер идора мешаванд ва як нафар, ки дар тан куртаи сафед ва галстук дорад, метавонад тамоми равандро назорат кунад. Имрӯз қариб дар тамоми бахшҳои саноат технологияи ЗС истифода мешавад ва мо мебинем, ки он, воқеан, самаранокии корро баланд мебардорад.
– Нақши Тоҷикистонро дар замони муосири технологӣ чӣ гуна мебинед? Ба андешаи Шумо, барои на танҳо мутобиқ шудан ба таҳаввулоти техникӣ, балки ишғоли мавқеи шоиста миёни пешсафони технологияҳои рақамӣ кадом қадамҳо заруранд?
– Дар китоби “Почему одни страны бедные, а другие богатые” муаллифон Дарон Аҷемаглу ва Ҷеймс Робинсон таҳлили амиқ намудаанд, ки чаро баъзе давлатҳо рушди босуръат доранд ва баъзеҳо не. Онҳо нишон медиҳанд, ки рушди кишварҳо ба омилҳои географӣ, дин, фарҳанг ва расму оинҳо алоқаманд аст. Масалан, буддоия барои рушди истеҳсолот мусоидат мекунад ва кишварҳое, ки соҳили баҳр доранд, аз ҳисоби логистика фоида мебинанд.
Аммо хулосаи асосӣ ин аст, ки рушд ба фаъолияти самараноки институтҳои давлатӣ вобастагии амиқ дорад. Яъне, агар мақомоти давлатӣ вазифаҳои худро бо салоҳият ва самаранок иҷро кунанд, рушди иқтисодӣ ва рақобатпазирии давлат таъмин мешавад.
Ман комилан бовар дорам, роҳе, ки мо айни замон тай намуда истодаем, дуруст ва мантиқӣ аст. Дар ҷараёни форуми ЗС, ки ахиран баргузор шуд ва роҳбарони ширкатҳои ҷаҳонии технологӣ барои иштирок ба Тоҷикистон омада буданд, аз пешрафти кишвар дар ҳайрат монданд. Ҳатто, вақте аз минтақаҳо дидан намудад, қайд карданд, ки сатҳи рушди Тоҷикистон аз интизорашон хеле баланд аст.
Вақте Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷсолаи саноаткунонии босуръатро эълон намуданд, бисёре бовар надоштанд, ки саноати кишвар дар як муддати кӯтоҳ ду баробар рушд хоҳад кард. Вале дастгирии Роҳбари давлат, масъулияти кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ҳамкории бахши хусусӣ ба ин натиҷа овард.
Иродаи сиёсии Роҳбари давлат ва суботи иқтисодиву сиёсие, ки дар кишвар ҳукмфармо аст, роҳи тараққиёти моро муайян кардааст. Ин шароит таваҷҷуҳи сармоягузоронро ҷалб менамояд. Бо ҷалби сармояҳо ва татбиқи барномаҳои рушди технологӣ, Тоҷикистон босуръат рушд хоҳад кард ва ман бовар дорам, ки солҳои наздик кишвар дар арсаи байналмилаӣ ҷойгаҳи намоён хоҳад дошт.