Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин пояҳои истиқлол, амният ва суботи давлат ба ҳисоб меравад. Ин ҳиссиёт танҳо як эҳсоси одӣ нест, балки маҷмуи арзишҳо, масъулиятҳо ва омодагии сарбозон ва шаҳрвандон барои ҳифзи сарзамин, истиқлол ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Ватанеро, ки бо ақлу идрок ва маҳорату матонати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коми қувваҳои аҳриманӣ баромаду рушд ёфт, вазифаи мост, ки онро бо баҳои ҷон ҳифз намоем.
Ватандӯстӣ аз муҳаббат ба Ватан оғоз мешавад. Ин муҳаббат сарчашмаи шуҷоат, садоқат ва фидокорӣ дар назди миллат аст.
Ҳисси меҳандӯстӣ миллати моро муттаҳид ва сарҷамъ мекунад. Он инсонҳоро, новобаста ба қавму мазҳаб, минтақа ё забон, ба як ҳадаф – якпорчагии давлат ва сулҳу суботи ҷомеа муттаҳид месозад. Ватандор касе аст, ки манфиати миллатро болотар аз манфиатҳои шахсии худ мегузорад.
Бо вуҷуди гуногунии андеша, забон, одат ва минтақа, фарзандони Ватан як чизи муштарак доранд: муҳаббат ба ин хок. Ватандӯстӣ қалбҳоро муттаҳид мекунад. Он ба мардум мефаҳмонад, ки нерумандӣ дар ҳамбастагӣ аст. Касе, ки Ватанро дӯст медорад, ба душман руҷуъ намекунад, ба рамзҳои миллат эҳтиром мегузорад.
Ватандӯстӣ мисли чароғест, ки дар шаби торик роҳро равшан мекунад. Он миллати моро ба як порча табдил медиҳад ва моро ба сӯйи ояндаи босаодат роҳнамоӣ мекунад.
Ватандӯстӣ на танҳо рисолати сарбоз аст, балки нидои ҳар як фарзанди миллат мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки чун Пешвои муаззами миллат ба Ватан, ба миллат, то ҷон дар рамақ дорем, сарбаландона хизмат кунем.
П. КАЛОНОВА,
корманди Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А. Рӯдакии ш. Панҷакент»