Баргашт Чоп кардан

ДДТТ. ТАРҒИБИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН


Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ вохӯрӣ таҳти унвони “Амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба таълим Абдукарим Қурбонов зикр намуд, ки вохӯрӣ тибқи пешниҳоди раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе бо омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор шуда, ба масъалаҳои хатарҳои эҳтимолии терроризм ва экстремизм, сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон, истифодаи маводи мухаддир, ҳамчунин, татбиқи тадбирҳои бартарафсозии камбудиҳо ва норасоиҳои ҷойдошта равона шудааст.
Сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқ-вайронкунии гумруки раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе, капитани Хадамоти гумрук Саидраҳмон Раҷабов зимни суханронии худ зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаро таъкид намуд.
Сипас, сарнозири шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумруки раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе, майори Хадамоти гумрук Рустам Мирзоиён иброз намуд, ки дар шароити пур аз тазод, мушкилот ва ихтилофҳо, афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҷавонон зери таҳдид қарор доранд, зеро ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳо кӯшиш мекунанд мақсаду маром, ғояҳо ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу восита, аз ҷумла ҷалби ҷавонон, амалӣ созанд.
Зикр гардид, ки ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон, экстремизм бештар дар соҳаи дин мушоҳида мешавад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон доман паҳн кардааст.
Сардори шуъбаи ташхиси криминалистии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Абдуҷаббор Сиддиқзода низ зимни суханронии худ оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав изҳори назар намуда, таъкид кард, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ташвишовар аст. Сабаби асосии ин ҳолат, пеш аз ҳама, истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ба гурӯҳҳои номаълум ҳамроҳ нашаванд ва саҳифаҳои шубҳанокро пайгирӣ накунанд.
Дар фарҷом Абдукарим Қурбонов ёдовар шуд, ки таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун ва тарбияи маънавии ҷавонон вазифаи умумии ҷомеа мебошад ва донишҷӯён ҳамчун насли созанда бояд дар ин ҷода пешсаф бошанд. Бо иқтибос аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳонӣ, нооромӣ ва низоъҳо моро водор месозанд, ки барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таъмини пешрафти устувори иқтисодиёт тадбирҳои мушаххасу мақсаднок андешем.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»