Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба таври фосилавӣ иштирок намуд.
Маркази матбуоти Вазорат хабар додааст, ки вазир дар заминаи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси шабакаи муосири «ҳушманд» ва аз ҷиҳати экологӣ устувори нақлиётист, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбиро мепайвандад.
Ба имзо расидани созишномаҳои грантӣ бо Бонки рушди Осиё
2-юми декабр дар Вазорати молия якчанд созишномаи грантӣ бо Бонки рушди Осиё ба имзо расид.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», созишномаҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зербарномаи дуюми Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши имконияти «шуғли сабз» дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА (барои дастгирии буҷет), Барномаи рушди соҳаи молиявӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо назардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо дар ҳаҷми 28,2 миллион доллар, инчунин, идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ дар ҳаҷми 17 миллион доллар ба тасвиб расиданд.
Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон
1-уми декабр дар Теҳрон мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Субҳонӣ баргузор гардид.
Сафорати ҷумҳурӣ дар Эрон хабар медиҳад, ки зимни мулоқот аз рушду тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба байни Тоҷикистону Эрон ибрози қаноатмандӣ шуд. Ҳамзамон, зарурати татбиқи тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда байни ду ҷониб таъкид гашт.
Намояндагони Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии ҳалол
Чанде пеш дар шаҳри Истанбул Саммити ҷаҳонии ҳалол, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ҳалол ва ҷаласаи вазирони тиҷорат ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон ширкат варзид.
Имсол Саммит таҳти унвони «Инноватсия ва бартарият дар тиҷорати ҳалол» баргузор шуд, ки муҳимтарин рӯйдоди ҷаҳонӣ дар соҳаи иқтисод ба ҳисоб меравад.
Иштироки Тоҷикистон дар чунин платформаҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гашта, барои рушди ҳамкории тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, тавсеаи истеҳсолоти ватанӣ, рушди содирот ва тақвияти робитаҳои иқтисодӣ бо бозорҳои ҷаҳонӣ замина фароҳам меорад.
Лоиҳаҳои соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи «Women Cup – 2025»
1-уми декабр дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд намоиши лоиҳаҳои барномаи инкубатсионии «Women Cup – 2025» доир гардид.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки ҳадафи чорабинӣ ба намоиш гузоштани молу маҳсулот ва хизматрасонии занони соҳибкори тоҷик, баланд бардоштани сатҳи огоҳии занону ҷавонони мамлакат оид ба ислоҳоти раванди фаъолияти соҳибкорӣ, мубодилаи таҷриба байни занони соҳибкори мамлакат ва баланд бардоштани малакаи занон дар самти тиҷорати электронӣ ва «иқтисоди сабз» мебошад.
Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон
2-юми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Аз Вазорати фарҳанг ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон вохӯрии вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лу Инчун доир гардид.