Баргашт Чоп кардан

МУДИРИЯТ


Ҷаласаи навбатии Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш доир шуд
Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, аъзои Шуро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, федератсияҳои варзишӣ ва масъулони соҳа иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар солҳои 2024-2025 ҳисобот дода, зикр кард, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст. Солҳои 2024-2025 аз ҷониби варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамагӣ 958 медал, аз ҷумла 274 тилло, 268 нуқра ва 406 биринҷӣ ба даст оварда шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра Тоҷикистон мизбони 51 мусобиқаи байналмилалӣ гардида, дар онҳо зиёда аз 8000 варзишгар аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Ба иттилои раиси Кумита, ду соли охир дар кишвар 256 иншооти варзишӣ бо маблағи зиёда аз 130 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё-2026 дар Айчи-Нагая (Ҷопон) ва Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 (ШМА) гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.


ҶУДО
Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Гранд-слами Абу-Забӣ
28-30-юми ноябр дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи навбатии Гранд-слами ҷудо доир гашт, ки паҳлавонони мо сазовори ду медал гаштанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 373 варзишгар (221 мард, 152 зан) аз 52 давлат ширкат доштанд. Тоҷикистонро 8 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, ба гирифтани як медали нуқра ва як биринҷӣ мушарраф шуданд.
Медали нуқраро паҳлавони ҷавону умедбахш Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг ба даст овард. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Чин Гоҳуӣ Лин, дар даври сеюм бар чемпиони олимпӣ, ҷаҳон ва Аврупо Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Руминия Иоан Житач, дар нимфинал бар варзишгари Бразил Даниел Каргнин ғалаба карда, дар финал аз варзишгари ботаҷрибаи Швейтсария Нилс Стамп мағлуб шуд ва ҷойи дуюмро гирифт.
Медали биринҷиро Суннатулло Мусоев дар вазни -81 кг сазовор гашт. Ӯ низ зӯрозмоиро аз даври дуюм оғоз карда, бар паҳлавонони Венгрия (Бенедег Тот), АМА (Гадҷимурад Умаров, Нугзари Таталашвили) ғолиб омада, ба нимфинал баромад. Дар ин давр ӯ аз Абдулкарим Тасуеви русиягӣ шикаст хӯрда, сипас, дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм бар Гадҷимурад Гасанови баҳрайнӣ пирӯз шуд.
Абубакр Шеров (-73 кг) ҷойи панҷум, Муҳаммад Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ҷойи ҳафтумро касб карданд.
Сайри ҷаҳонии ҷудо-2025 бо Гранд-слами Токио ба анҷом мерасад. Мусобиқа 6-7-уми декабр ба нақша гирифта шудааст ва барои ширкат дар он то имрӯз 322 варзишгар аз 43 давлат, аз ҷумла 6 паҳлавони тоҷик, номнавис шудаанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”