Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИ ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ЧОР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БО ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Ифтитоҳи МТТХ «Ватанпарвар»
3-юми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ватанпарвар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муосирсозии низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак бунёд ёфт. Дар кӯдакистон барои 12 гурӯҳ 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шуда, раванди таҳсил дар он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад.
Тибқи лоиҳа, дар ин ҷо барои ҳар гурӯҳ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо хобгоҳ, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо шакл ва тарҳи ҷолиб сохта шуд, ки барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар макони дилнишину мувофиқ аст.
Дар кӯдакистон барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, инчунин, ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим толорҳои варзиш ва бозӣ, мусиқӣ, рақс ва ҳуҷраҳои ёрирасон амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо дорои таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ мебошанд. Муассиса, ҳамчунин, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст дорад. Дар боғчаи навтаъсис аз рӯи китоби тозанашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ машғулиятҳои инкишофи нутқ ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом ба бедор сохтани ҳисси худшиносӣ дар замири кӯдакон таъсир мегузорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ ва бунёди кӯдакистонҳои наву замонавии намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ намуданд. Масъулон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи худшиносии миллӣ вазифадор шуданд. Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино, дар баробари таъмин шудан бо гармӣ, дорои таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки неруи барқ дар фасли зимистон сарфа гардад.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино айвону нишастгоҳҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудаанд. Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31-то расида, фарогирии кӯдакон 6049 нафарро дар бар мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кӯдакон, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, аз худ кардани дониш ва ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ҳидоят карданд.
Соли 2025 бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои ободонӣ барои ба истифода додани муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пойтахт 16 муассисаи нави томактабӣ бо фарогирии 3640 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

МТТХ «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»
3-юми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёди соҳаи маориф бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шуд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз ёфта, дар масоҳати 6700 метри мураббаъ бо сифати баланд бунёд гардид. Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёнаву таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам буда, барои 600 кӯдак пешбинӣ мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки МТТХ «Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ» бо мақсади татбиқи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) дар Тоҷикистон рӯи кор омад. Тибқи иттилои масъулон, дар Муассиса кӯдакони аз синни 2 то 6-сола қабул гардида, бо чор вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд. Ҳуҷраҳои таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовар таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудаанд.
Истифода аз робототехникаҳои роҳбалад, Луна ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз афзалиятҳои дигари ин Муассисаи наву замонавӣ арзёбӣ мегардад.
Тибқи лоиҳа, дар Муассиса барои 23 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, гимнастика, толор барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳо бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам буда, барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад. Дар ҳар гурӯҳ 20 кӯдак таълим мегирад, ки ба онҳо омӯзгорони пуртаҷриба дарс медиҳанд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Муассиса, 23 парастори дорои таҷриба ва донандаи хуби забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ, дар умум 88 нафар ба кор бо маоши хуб ҷалб шудаанд. Муассисаи наву замонавӣ, ҳамчунин, барои рафтуомади бехатари кӯдакон бо нақлиёт таъмин мебошад. Саҳни Муассиса бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста гашта, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд зинат дода шудааст. Ҳамзамон, барои гузарондани машғулиятҳо саҳни бино айвончаи тобистона дорад.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расондани кӯдакон ва дар руҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ҳидоят намуданд.

Ба истифода додани МТТ «Гулистон»
3-юми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд.
Муассисаи наву замонавӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода бо тарҳи муосиру зебо бунёд гардид. Муассиса аз як бинои сеошёна ва таҳхона иборат буда, дар он раванди таълиму тарбияи кӯдакон ба таври босамар ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Сохтмони иншоот соли 2023 оғоз ёфта, дар ҷараёни корҳои биносозӣ бештар аз 70 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуд. Дар бинои навбунёд 20 гурӯҳ фаъолият мекунад ва дар онҳо 400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар ҳолати ба 400 кас расидани шумораи тарбиятгирандагон, 100 кас ба кор бо маоши хуб ҷалб мегардад. Ҳоло 53 омӯзгор ва парастори соҳибтаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд. Дар назди ҳар як синфхонаи машғулият ҳуҷраҳои ҷудогона барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ карда, ба онҳо туҳфаҳои идона, аз ҷумла ширинӣ ва бозичаҳои гуногун, тақдим намуданд. Ошхонаи Муассиса ба бинои асосӣ пайваст буда, барои қабули яквақтаи зиёда аз 100 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбори нигоҳдории хӯрокворӣ ва ҳуҷраи тиббӣ аз дигар имкониятҳои фароҳамгардидаи ин Муассиса мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии он дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд.
Ҳуҷраҳои машғулият бо шиору овезаҳои ифодагари меҳру муҳаббат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтаанд, ки мутобиқ ба дунёи рангини кӯдакон мебошанд. Ҳуҷраи махсуси намакин бошад, ба беҳтар шудани роҳҳои нафас, паст гардидани илтиҳоб ва баланд шудани масунияти кӯдакон мусоидат мекунад. Ин гуна муҳит ҳаворо безарар гардонда, нишонаҳои зуком, аллергия ва хастагии асабро сабуктар менамояд. Ёдовар мешавем, ки чунин таҷриба бори аввал дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ барои бозии кӯдакон таҷҳизоти муосир насб гардид, ки онҳо самаранок истифода мешаванд. Ҳамчунин, майдончаи варзиш барои бозиҳои гуногуни кӯдакона бунёд ёфт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сохторӣ ва мавҷудияти таҷҳизот муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, ҳамаи синфхонаҳо бо аёният ва воситаҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳазанд.
Омӯзгорону мураббиёни кӯдакистон ин иншооти муосирро туҳфаи арзанда ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар чунин шароити мусоид насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар тарбия мекунанд.

МД “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”
3-юми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави дуошёна дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар масоҳати 0,17 гектар қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот аввали соли равон оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ анҷом ёфтааст. Дар бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқӣ шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст. Ҳамчунин, барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳо дар ин ҷо толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир мебошанд.
Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд.
Ҳоло дар Муассиса 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзад. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзидаву собиқадор, таълим медиҳад. Дар баробари навсозӣ, Муассиса бо номгӯи зиёди созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара, ғижак ва асбобҳои зарбӣ таъмин шуд.
Қобили зикр аст, ки хонандагони Мактаби мусиқӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва озмунҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили Олмон, Швейтсария, Туркия ва Федератсияи Россия, ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар бинои нави Мактаби мусиқӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону хонандагонро бо ин туҳфаи арзанда табрику таҳният гуфтанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо нақши фарҳанг беш аз пеш барои муаррифии давлату миллат меафзояд. Аз ин рӯ, аз омӯзгорон даъват шуд, ки ба тарбияи мутахассисони шоистаи санъату ҳунар ҷаҳду талош намоянд.
3-юми декабр бо иштироки Роҳбари давлат ва раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт, дар маҷмуъ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид. Сохтмони боз 98 муассисаи томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки соли равон дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 8650 ҷойи нишаст дар ду баст ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.