Барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъмини шаҳрвандон, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ бо маълумоти боэътимод дар бораи ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихӣ ва дар доираи ҳадафҳои Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии "QR-роҳнамо"-ро роҳандозӣ мекунад. Қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе тасвиб шудааст.
Бино ба иттилои шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД шаҳри Душанбе, татбиқи ин лоиҳа идомаи дастгирӣ ва дастурҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди сайёҳӣ ҳамчун як бахши афзалиятноки иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар кардани инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад.
Лавҳаҳои иттилоотии "QR-роҳнамо" аз мармар сохта ва дар маконҳо насб карда шудаанд.
Лоиҳа сифати хизматрасонии иттилоотии сайёҳиро беҳтар, мероси бойи таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро таблиғ мекунад, сайёҳии рақамиро рушд ва ниёз ба роҳбаладони ғайрикасбиро коҳиш медиҳад.
Лоиҳаи “QR-роҳнамо” як қадами муҳим дар роҳи табдил додани Душанбе ба маркази сайёҳии рақамӣ дар минтақа мебошад. Ин ташаббус мероси бойи таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро бо истифода аз технологияи муосир барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дастрас ва ҷолибтар мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки чанде пеш дар шаҳри Теҳрони Эрон, зимни ҷаласаи шаҳрдорони Осиё шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё барои соли 2026 интихоб шуд ва табиист, ки сафи сайёҳону меҳмонон хоҳад афзуд. Роҳандозии лоиҳаи “QR-роҳнамо” дар ин сол дар баробари хизматрасонӣ, боиси баланд гаштани обрӯйи пойтахти кишвар ва Тоҷикистони маҳбуб мегардад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ТОҶИКИСТОН»
29-уми ноябр дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид, ки дар он доираи васеи олимону мутахассисони соҳаҳои гуногун барои пешниҳоди ихтироъ ва навоварии ҷолиб ҷоизаю туҳфаҳо ба даст оварданд.
Озмун аз рӯйи 7 номинатсия – ихтироъкори беҳтарин (аз 30-сола боло), ихтирои беҳтарин (аз 30-сола боло), муассисаи таълимӣ ва илмию тадқиқотии беҳтарин дар самти ихтироъкорӣ, ихтироъкори беҳтарин (то 30-сола), ихтирои беҳтарин (то 30-сола), лоиҳаи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ: барномаҳои компютерӣ ва манбаъҳои маълумотӣ ҷамъбаст гардид.
Дар Озмун барои иштирок аз ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ 88 аризаи ихтироъкорону навоварони кишвар ворид гашта, ҳамаи онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва беҳтаринҳои онҳо, ки барои рушди мамлакат аҳамият доранд, ғолиб дониста шуданд.
Меҳроб Раҷабов, донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, яке аз иштирокдорони Озмун, роботи офаридаи худ бо маркаи спайдерро ба намоиш гузошт, ки он барои кашондану бардоштани масолеҳи сохтмонӣ нигаронда шуда, монеаҳоро ба таври автоматӣ дарк мекунад.
Мунзифа Сайфиддинзода, доктори илмҳои тиб, ки ба гирифтани патенти ташкилоти байналмилалии Авруосиё даст ёфт, дар ҷодаи тавлиди доруворӣ навоварӣ намудааст. Ӯ бо истифода аз равғани ангат ва иловаҳои дигари кимиёӣ беҳтарин давои илтиҳоби шушу сардхӯрдагиҳоро офаридааст.
Ҳамчунин, доктори илмҳои кимиё, Баҳодур Мирзоев, ки дорои бештар аз 30 патент мебошад, маротибаи дуюм барандаи ҷоизаи беҳтарин ихтироъкор дар самти илмҳои кимиё ва саноат гардид.
Дар Озмун, ҳамзамон, даҳҳо нафар ҷавонону наврасон, ки навовариҳои худро ба намоиш гузоштанд, аз ҷониби ҳакамон ва вазорату идораҳои соҳаҳои иқтисодӣ қадрдонӣ шуданд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
АШТ. ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ ҚУВВАИ БАРҚ ВА ҶИЛАВГИРӢ АЗ ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО
Бо мақсади таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандон дар самти истифодаи қувваи барқ ва ҷилавгирӣ аз қонунвайронкуниҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт фаъолияти мақсаднок ва мунтазамро роҳандозӣ намудааст.
Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён дошта, ба пешгирии ҳолатҳои сӯиистифода аз неруи барқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона шудаанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳия, прокуратураи ноҳияи Ашт дар ҳамкорӣ бо бахши ҶСШК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории суҳбату вохӯриҳо бо аҳолиро таҳия намуда, мувофиқи он ҳар ҳафта дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаву муассисаҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.
Силсилаи чунин мулоқот дар маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Ашт доир гашта, масъулон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ оид ба ҷавобгарӣ барои дуздии қувваи барқ суҳбат намуданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни ин вохӯриҳо ба иштирокчиён иқтибосҳо аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхабардорӣ ва дастрас шуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2025». ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол-2025» доир гардид, ки дар он Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазир, Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Зафаршо Иброҳимзода, директори Осорхонаи миллӣ, роҳбарияти як қатор вазорату кумитаҳо иштирок доштанд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додааст.
Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ иброз намуд: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, боло бурдани мақоми ҳунармандӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллиро дар меҳвари сиёсати созандаашон қарор додаанд. Ин иқдом барои зинда гардондани суннатҳои гузашта ва тақвияти худшиносии миллӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ далели худшиносии миллӣ ва фарҳанги хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад”.
Бояд зикр кард, ки Озмун дар доираи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гузаронда шуда, дар он ҳунармандон аз тамоми гӯшаву канори кишвар дар панҷ номинатсия – “Нонпазӣ”, “Чакандӯзӣ”, “Атласбофӣ”, “Кулолгарӣ” ва “Кордсозӣ”, беҳтарин намунаи ҳунарашонро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.
Ғолибон бо ҷоиза, диплом ва туҳфаҳо қадр карда шуданд. Инчунин, намояндагони вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар Озмун иштироки фаъолона доштанд, бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сарфароз гардидаанд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
БОРИ НАХУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН ЭМБОЛИЗАТСИЯИ ШАРАЁНИ ИСПУРЧРО БАЪД АЗ ПАЙВАНДИ ҶИГАР ГУЗАРОНДАНД
Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар ба беморе, ки пайванди ҷигар гузарондааст, эмболизатсияи шараёни испурч бомуваффақият анҷом дода шуд.
Ба иттилои ҷарроҳи эндоваскулярии Муассисаи мазкур Ҷамшед Раҳмонов, бемор, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, пас аз 20 рӯзи амалиёти пайванди ҷигар, худро беҳол ҳис кард. Ҳангоми муоина дар бемор хунгардиши пасти шараёни ҷигар мушоҳида шуд. Ба гуфтаи табиб, чунин ҳолат ба бемор пас аз пайванди ҷигар бори нахуст ба амал омадааст ва то кунун табобати ин беморӣ дар таҷриба набуд.
Бо фароҳам овардани шароиту имконияти мусоид дар Муассиса, аз ҷумла бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва донишу таҷрибаи андӯхтаи мутахассисони ватанӣ дар кишварҳои гуногуни олам имкон дод, ки чунин ҳолати бемор сари вақт бартараф гардида, вазъи саломатии ӯ муътадил нигоҳ дошта шавад.
Дастгоҳи муосири ангиография нишон дод, ки бемор дорои синдром, мебошад, яъне ҳолате, ки дар он шараёни испурчи калоншуда қисми зиёди хунро ба худ ҷалб мекунад ва ба таъминоти муътадили хун ба ҷигар халал мерасонад. Ба бемор бе буридани бадан, эмболизатсияи шараёни испурч гузаронданд. Хушбахтона, қисми дисталии раги испурчи калоншуда бо эмболҳои сферикии андозаи 900 – 1200 мкм бомуваффақият баста шуд.
Пас аз як рӯзи гузарондани амали мазкур бемор ба хонааш рафт ва ҳоло вазъи саломатиаш хуб аст.
Ҷамшед Раҳмонов ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иброз доштааст, ки ин амалиёт нахустин таҷриба дар табобати чунин беморӣ дар кишвар ба шумор рафта, имкониятҳои навро барои муолиҷаи осебҳои мураккаб баъди пайванди ҷигар фароҳам овард.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ХУҶАНД. ТАЪСИСИ 30 КОРХОНАИ НАВ
Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарини кишвар маҳсуб ёфта, дорои шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ мебошад ва дар самти таъсиси бештари корхонаҳои истеҳсолӣ боз ҳам гомҳои устувор мегузорад. Дар 11 моҳи соли равон дар шаҳр 30 корхона бо таъсиси зиёда аз 200 ҷойи кор ба истифода дода шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар ин давра беш аз 1,4 миллиард сомониро ташкил дод. Масъулони соҳа ва мутахассисон тасмим доранд, ки соли ҷориро бо натиҷаи аз ин ҳам баланд ҷамъбаст кунанд.
Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз афзоиш бахшидани содироти маҳсулоти саноатӣ ва мавқеи устувор пайдо кардани маҳсулоти кишвар дар бозорҳои байналмилалӣ мебошад. Саноатчиёни шаҳр дар роҳи расидан ба ин ҳадаф пайваста саъю талош намуда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишварҳои дуру наздик ба маблағи 318,4 миллион сомонӣ маҳсулоти гуногуни саноатӣ содирот карданд.
Ҳамзамон, шумораи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар шаҳр афзуда, дар ҳаҷми гардиши тиҷоратӣ саҳми бузург доранд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ имсол нисбат ба соли гузашта 20 дарсад афзудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилотяи Суғд рӯзҳои 18-20-уми ноябри соли равон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, дар ифтитоҳи зиёда аз 20 корхонаи нави саноатии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир иштирок намуда, зарурати боз ҳам афзун бахшидани таъсиси корхонаҳои рӯ ба содиротро таъкид карданд. Масъулони соҳа ин дастуру роҳнамоии Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, ба тақвияти корҳо дар ин самт камари ҳиммат бастаанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”