![]()
Миллате, ки бо хиради азалӣ таниши ҷанги шаҳрвандиро, ки аслан ҷанги таҳмилӣ буд, дар кӯраи андешаи сабру таҳаммул гирифт, гудохт, силоҳи ҷангро сипари сулҳ кард, сазовори эҳтиром ва Пешвои сулҳофаринаш лоиқи ситоишу иззат аст.
Аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб тақдири миллати мо ба дасти вакилону сиёсатмадорони миллат ҳал мешуд. Воқеан, баҳсҳои тезу тунд, фарёду фиғони гоҳе ростин ва гоҳе дурӯғин аз вазъияти хатарноки миллати ҷангзада, аз дар вартаи ҳалокату нестӣ будани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, муборизаҳои ошкорову пинҳонӣ барои ишғоли мақоми аввал дар ҷумҳурӣ ҷараён дошт.
Ҳамон хиради азалӣ дар вакилону сиёсатмадорон ба ҳар ҳаҷме, ки бошад, тапидан дошт. Аз ин миён як ҷавони дар сиёсати бузурги ҷаҳонӣ аз таҷрибаи камтарин бархурдор ба мақоми аввали кишвар интихоб шуд.
Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки масъулияти роҳбарии сиёсии ҷумҳуриро ба зимма дошт, дар аввалин суханронӣ гуфт: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи меҳнаткашидаам бовар дорам». (Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди аввал. – Душанбе: «Ирфон», 2002. – с.7).
Мегӯянд сухан қадри зарро дорад. Шоҳид будем, ҳар кадоми мо имкон дорем самимияту садоқати ин суханон, арзиши ин суханҳоро бо тилло баробар бикунем, дар тарозуи виҷдон баркашем, рӯ ба рӯи виҷдони худ биистем ва ҷавоб бидиҳем: “Кадоме аз ин суханон иҷро нашуданд? Кадоме аз ин суханон тақдири миллион нафарро ҳифзу саробонӣ накарданд? Кадоме аз ин суханон хишти мустаҳками таҳкурсии сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанги Тоҷикистон нагаштанд?
Оё аз ин дида имтиҳони равшан, боинсоф буда метавонад? Сарвари арҷманди мо дарвоқеъ рӯ ба рӯи миллаташ, рӯ ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сари баланд якто будани суханаш, амалаш, иёри баланд доштани суханашро исбот кард. Мардона, тули ин солҳо дар набарди бефосила, бетанаффус бо дигарандешони дохилӣ, бо бадандешони хориҷӣ дар мақоми муросову мадоро бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, давлатҳои исломӣ, дунявии наздик ва дур кишвар обод кард. Давлати иззатманд, саросар сабзу шукуфон сохт.
Сулҳе, ки дар Тоҷикистон барқарор шуд, назир надорад. Дар таърихи ҷангҳову муноқишаҳо чандин гунаи сулҳсозӣ будааст. Аммо сулҳе, ки дар Ватани мо барқарор шуд ва ин муддат ҳамоно устувор аст, дили мо ҳам қавӣ ҳаст, ки ин сулҳ барои ҷовидон пойдор бимонад. Дар назари ман, унвони ин сулҳ «Сулҳи нотакрор» ё «Сулҳи Раҳмонӣ» аст.
Эмомалӣ Раҳмон унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро дорад. Ин шаш тан қаҳрамони миллии тоҷикон чанд сифат доранд, ки хоси ҳамагонашон аст. Нахуст ин аст, ки ин азизон тамоми умр дар майдони набарди муҳофизату фузудани шарафи миллат буданд ва ҳамеша сар ва дил дар каф буданд. Ин таъбир маънии аслиаш аз маънии маҷозиаш равшантар аст. Саргузашти ин бузургон инро исбот мекунад. Аслан, шарафу иззат арзишҳое ҳастанд, ки бо зару сим пардохт намешаванд, танҳо бо ҷону сар пардохт мешаванд. Он сару он ҷонҳо ҳам бояд арзанда бошанд. Ҳар сару ҷоне наметавонад ба шарафу иззати миллат пардохт шавад. Ҷавҳари асосӣ садоқат, якто будани сухан ва амал аст. Муроди ҳамаи онҳо пойдории Тоҷикистон, миллати тоҷик будаст.
Садриддин Айнии азиз дар мақолаи «Судьба одного народа» гуфтааст, ки ман ҳарчи навиштаам, ё шеър ё наср ё таҳқиқ ё публитсистика, танҳо як чиз навиштам: “тоҷик ва Тоҷикистон”.
Фаъолияти сиёсии Президенти арҷманди мо, китобҳои навиштаашон чи аз боби забонанд, чи аз таъриханд, чи аз абармардони аҷдоди мо ҳастанд, чи дар минбар аст, чи дар байни кишоварзон аст, хоҳ дар мактаб аст, хоҳ дар маҷлисҳои олимақоми ҷаҳонӣ то ҷое, ки ман фаҳмидам як аст: тоҷик ва Тоҷикистон.
Маъмулан истилоҳи истеъдодро барои ҳунарҳои нодир ба кор мебаранд. Дар мавриди истеъдоди шоир, рассом, меъмор, оҳангсоз. Ман вақте фаъолияти Сарварамонро мушоҳида мекунам, ба ин натиҷа мерасам, ки истеъдоди сиёсатмадорӣ як истеъдоди хоса, нотакрор ва фавқулода аст. Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ соли 1992 як давлати комилан пошхӯрда, бағоратрафта, ғарқаи хун, бародарҳо теғ дар каф, дар қасди ҷони якдигар ва чандин бадбахтиву наҳсиҳои дигар: эпидемияҳои тиф, зарпарвин, хоришак ва чандин балоҳои дигар, мардуми дар навбати нон дар қасди ҷони якдигар истодаро аз нав ба ҳам овард, оштӣ дод, низом бахшид ва ҷони нав ато намуд.
Ман шахсан рӯзе чандин бор ба Эмомалӣ Раҳмон раҳмат мегӯям. Чандин бор Худо ҷойи падаратро ҷаннат кунад мегӯям. Инак, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро барои ҷавонону наврасон ва ҷомеаи Тоҷикистон баҳри китобхоннамоӣ матраҳ намудаанд, ки дил мехоҳад гаштаву баргашта аз ин иқдоми шоиста суҳбат кунад, шарҳу тафсир намояд. Ин ибтикор дар назари ман як тадбири бисёр бузурги оқибатандешӣ – дурбинӣ аст.
Озмун давоми ҳафт сол ба як ҳаракати саросарии маърифатпайвандӣ, маърифатдӯстӣ табдил ёфт. Дар яке аз гузоришҳо шунидам, ки дар марҳалаи аввали Озмун дар як ноҳия 4 ҳазор хоҳишманд иштирок кардааст. Комилан фаҳмост, ки аз ин 4 ҳазор шояд касоне бошанд, ки 3-4 китоб хондаанд, аслан ба ҳеҷ талаботи Озмун ҷавобгӯ нестанд, аммо хоҳиши дар Озмун ширкат кардан доранд, аз ин ҳаракати фарогири маърифатӣ берун мондан намехоҳанд. Ин Озмун, ба андешаи ман, ҷунбиши бузурги созандаи маърифатӣ ба як инқилобе табдил хоҳад ёфт, ки киштзору боғзори андешаҳоро аз алафҳои бегона пок мекунад, ҳашароти мағзҳоро нест мекунад, боғу киштзори андешаҳоро сабз, рӯшан, бенуқс, самаровар хоҳад кард. Насли «фуруғӣ», «маърифатӣ» Тоҷикистонро ба зинаи комилан дигар хоҳад бурд.
Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон