Баргашт Чоп кардан

КӮЛОБ ШАҲРИ ДИЛПИСАНДИ САЙЁҲОН


Кӯлоб яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки таърихи беш аз 2700-сола ва мероси ғании фарҳангӣ дорад. Дар солҳои охир шаҳр инфрасохтори сайёҳии худро фаъолона рушд дода, кӯшиш мекунад, ки иқтидори худро ҳамчун як макони сайёҳии ҷолиб амалӣ намояд. Натиҷаҳо низ дар заминаи шароити фароҳамшуда ба назар мерасанд: дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 90 000 сайёҳ вориди Кӯлоб шуда, аз гӯшаю канори он тамошо карданд. Чӣ ин шаҳрро барои сайёҳон ҷолиб мегардонад?
Воқеан, Кӯлоб бо таърихи куҳани худ солҳост таваҷҷуҳи донишмандони кишваршинос ва мардумшиносону сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад. Таърихи беш аз 2700-сола доштани ин шаҳрро ҳафриётҳои бешумори бостоншиносон шаҳодат медиҳанд. Тибқи маълумоти таърихӣ, дар солҳои 1993-1994 бостоншиносон аз шафати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хумдонеро пайдо карданд, ки ба асри ҳафти пеш аз мелод мансуб буда, таърихи 2700 солро дар худ маҳфуз медорад.
Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001-ум оғоз ёфта, то кунун идома дорад. Бозёфти қалъаи қадимаи бо номи Қалъаи Кӯлоб дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» гувоҳи яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ будани шаҳри Кӯлоб аст.
Тибқи маълумоти дастрас, имрӯз дар шаҳр 44 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 19 меҳмонхона, 7 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 5 зиёратгоҳ ва даҳҳо тарабхона, чойхона ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ фаъолият доранд.
Дар шаҳр барои меҳмонон шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар Кӯлоб Фурудгоҳи байналмилалӣ, Истгоҳи роҳи оҳан ва терминали мусофирбарӣ фаъолият доранд. Дар шаҳр барои сайругашти сайёҳон низ маконҳои ҷолиб зиёданд, ки маъруфтаринашон Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Кӯлоб, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, боғи набототи шаҳр ва ғайраҳо мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Кӯлоб ҳамчун Пойтахти фарҳангии давлатҳои муштаракулманофеъ шинохта шудааст ва дар он муассисаҳои зиёди фарҳангӣ фаъолият мебаранд. Дар ин росто захираҳои бойи таърихӣ, фарҳангӣ ва тибиии ин шаҳр яке аз самтҳои муҳими сайёҳии минтақа ва мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, Кӯлоб дорои табиати зебоманзар буда, барои дӯстдорони табиат имкониятҳои фаровон фароҳам меорад. Дар атрофи шаҳр баландкӯҳҳо, дарёҳо ва боғҳо мавҷуданд, ки сайёҳон метавонанд аз онҳо баҳраманд шаванд.
Хулоса, Кӯлоб бо омезиши таърихи қадима ва имкониятҳои муосири сайёҳӣ, табиати зебоманзар ва меҳмоннавозии мардум, ба як самти ҷолиби сайёҳӣ дар Тоҷикистон тадбил меёбад. Бозёфтҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ин шаҳрро барои сайёҳон ҷолибтар месозанд. Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, Кӯлобро ба як ганҷинаи нодири сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад, ки дар оянда меҳмонони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон қабул хоҳад кард.

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»