Баргашт Чоп кардан

ШАҲРИТУС. РУШДИ МАОРИФ РУШДИ ДАВЛАТ АСТ


Маориф сутуни давлату миллат аст. Ин ҳарфи пурҳикмати Пешвои миллат баёнгари он аст, ки рушди соҳа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Сарвари давлат баҳри рушди маориф имкониятҳои зиёдро равона намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки наврасону ҷавонон ҳарчи бештар илмҳои замонавиро аз худ намоянд.

Дар ноҳияи Шаҳритус ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, хусусан муассисаҳои таълимӣ, тадбирҳо андешида мешаванд. Бурду бохти соҳаро дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Нуриддин Ғафурзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, ба таври зайл шарҳ дод:
– Маорифчиёни ноҳия бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва бо талаботи муосир ба роҳ мондани таълиму тарбия, беҳсозии сифати таълим ҳамарӯза дар талошанд. Дастгириҳои ҳамаҷониба ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф кормандони ин соҳаро илҳому неруи тоза бахшидааст.
Имсол 1362 хатмкунандаи синфи ёздаҳ ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ ва миёна ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурданд, ки қариб 96 дарсадро ташкил медиҳад. Инчунин, 24 хатмкардаи мактабҳои ноҳия тибқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил шуд.

 

Шуъбаи маориф якҷо бо кормандони дигар идораҳо ба хотири идомаи таҳсили духтарон дар тамоми деҳот суҳбату вохӯриҳо гузаронда, волидонро огоҳ менамоянд, ки соҳибкасб шудани духтарон ба хотири зиндагии шоистаи онҳост.

Аҳли маорифи ноҳия ба иштироки хонандаҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва олимпиадаҳои фаннӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин аст, ки Муҳаммад Вализода, Райҳона Бегиҷонова, Иброҳим Худойназаров ва Ҷонибек Ҷуманазоров дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачаҳо ширкат варзида, ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Ҳамчунин, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» зери таваҷҷуҳи ҳамешагии шуъбаи маориф аст. Баҳри иҷрои саривақтии талаботи ин Қонун байни падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд. Волидайн дар рӯзҳои муайяншуда ба мактаб меоянд ва аз рафти донишандӯзӣ, одобу ахлоқи фарзандон бохабар мегарданд.

Дар ноҳия ба сохтмон, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ зоҳир шуда, сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳбуд меёбад. Соли гузашта дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша, собиқ хатмкунандаҳову аҳли ҷомеа биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 11, 14, 18, 47 барои қариб 960 ҷой дар як баст бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуданд, ки мушкили норасоии ҷойи нишастро дар мактабҳо аз байн бурд. Ҳоло сохтмони ҳабдаҳ синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 32, 33, 43, 46 идома дошта, дар назар аст, ки то охири соли равон МТМУ №44 ва МТМУ №8 пурра аз таъмир бароварда шавад.

Роҳбарияти ноҳия мақсад доранд, ки мувофиқи нақша биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 6, 19, 21, 24, 27, 28, 36, 41, 42, 50 ва дар деҳаҳои Марғзор, Боғҷийда, Гулобод, Ободдеҳ муассисаҳои таълимии навро бо 54 синфхона то моҳи сентябри соли оянда ба кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ туҳфа намоянд. Ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф мебошад, ки он таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва маҳз дар натиҷаи ин ғамхориҳо, шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ дар ноҳия сол ба сол меафзояд. Дар ин замина, дар деҳаи Султонободи деҳоти Пахтаобод ва дар деҳаи Саройдеҳи деҳоти Айвоҷ кӯдакистонҳо бунёд меёбанд. Дар маҷмуъ, ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шаш муассисаи томактабии нав бо шароити хуби таълим сохта мешавад.
Ба маълумоти расмӣ, дар ноҳия фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 31,7 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ноҳия ҳафт муассисаи томактабӣ 1200 тарбиятгирандаро фаро гирифтааст. Ҳамчунин, дар назди 51 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд, ки 3129 кӯдакро тарбия мекунанд.

Сарфи назар аз дастоварду муваффақиятҳо, дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиҳое ҳастанд, ки ислоҳи саривақтии онҳо барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Аз ҷумла, бо сабабҳои гуногун 7,3 дарсади духтарони синфҳои ёздаҳ аз таҳсил боз монда, норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқу гуманитарӣ, русӣ, англисӣ, инчунин, барои синфҳои ибтидоӣ нарасидани китобҳои дарсии забони модарӣ, математика ва синфҳои болоӣ забонҳои русиву англисӣ аз масоили ҳалталаб аст. Илова бар ин, дар МТМУ №39, Литсейи хонандагони болаёқат, Литсейи давлатии №1 ва Мактаб-интернат бо сабаби набудани шароити мусоид марказҳои инкишофи кӯдак вуҷуд надоранд, ки боиси нигаронист.


Бовар аст, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус тамоми саъю кӯшиши худро барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари мамлакат равона сохта, камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаро рафъ ва соли таҳсили равонро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст менамояд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”