Баргашт Чоп кардан

УСТУВОНАИ КУРУШИ КАБИР ВА АРЗИШҲОИ ИНСОНМЕҲВАРӢ


Ҳуқуқи башар, бо маънои васеаш, таҷассуми орзуи деринаи инсоният барои баробарӣ ва озодӣ мебошад. Яке аз намунаҳои барҷастаи таърихии шинохти ҳуқуқи башар дар тамаддуни башарӣ Устувонаи Куруши Кабир аст: санади бостонӣ, ки тақрибан соли 539 пеш аз милод дар Бобул навишта шудааст.

Мундариҷаи ин ҳуҷҷат бо таърих ва руҳи инсондӯстии фарҳанги ориёӣ пайваста аст, ки дар он Куруши Кабир баъд аз фатҳи Бобул ба мардум озодӣ мебахшад, маъбадҳоро барқарор месозад ва ҳамаи мардуми дар асорат бударо ба сарзамини худ бозмегардонад. Ӯ фармон медиҳад, ки ҳеҷ кас набояд бо зӯрӣ ё иҷбор ба дин ё одати дигарон оварда шавад. Ин санадро имрӯз бисёре аз муҳаққиқон нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар меноманд, зеро дар он бори аввал арзишҳои зерин бо шакли дақиқ изҳор шудаанд, ки хусусияти инсонмеҳварӣ доранд: озодии эътиқод ва виҷдон; мамнуъияти зӯроварӣ ва ғуломдорӣ; эҳтиром ба фарҳангҳо ва динҳои гуногун; ҳифзи моликият ва арзишҳои маънавӣ; ҳаққи бозгашт ва зиндагии осоишта барои муҳоҷирон.
Ин ғояҳо, ки аз замони қадим дар фарҳанги ориёӣ парварда шуда буданд, баъдан, дар асрҳои нав дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) дарҷ гаштанд.
6-уми ноябри соли равон дар шаҳри Самарқанд, дар ҷараёни 43-юмин Конфронси умумии ЮНЕСКО, бо ташаббуси Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъномаи муҳим бо унвони “Устувонаи Куруши Кабир: Эъломия ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид. Қабули ин санади муҳим дар рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи форсизабонини олам, тоҷикону тоҷикистониён, дӯстдорони фарҳанги пурғановати ориёӣ туҳфаи беназир буд.
Дар канори Устувонаи Куруши Кабир, ки ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ ва ҳуқуқии қадим шинохта шудааст, дар ҷаҳони Юнон низ асаре ба вуҷуд омадааст, ки симои ин подшоҳи бузурги ориёиро аз назари фалсафиву ахлоқӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ин асар “Киропедия” (аз юнонии қадим Κύρου παιδεία – “Тарбияи Куруш”, “Курушнома”) ном дошта, аз ҷониби нависанда, таърихнигор ва сарбози маъруфи юнонӣ Ксенофонт дар асри IV пеш аз милод таълиф гардидааст.
Дар асар таъкид мешавад, ки асоси қудрат на дар теғ ва сарбозон, балки дар адолат, ахлоқи нек ва муҳаббати мардум аст. Ба андешаи Ксенофонт Куруш подшоҳест, ки мардум ӯро дӯст медоранд, зеро ӯ ба онҳо озодӣ, эҳтиром ва амният медиҳад. Ин андеша, ки дар замони қадим иброз шудааст, имрӯз низ барои ҷомеаҳои муосир аҳамияти хосса дорад: роҳбари воқеӣ на он аст, ки тарс эҷод кунад, балки касест, ки ба одамон имкони зиндагии шоиста мебахшад.
Ксенофонт дар асари хеш симои Курушро ҳамчун подшоҳи инсондӯст, устоди ахлоқ ва рамзи ваҳдати фарҳангҳо тасвир мекунад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, “Киропедия” дар асл як орзуи идеалии ҷомеаи инсонӣ аст: ҷомеае, ки дар он дониш, адолат ва эҳтироми инсон меъёри асосии давлатдорӣ мебошад.
Ҷолиб он аст, ки Ксенофонт, сарфи назар аз фарқи забон, фарҳанг ва дину оини мардумони Юнон ва Эрон, тавонист асли инсонгароиро дар симои Куруш нишон диҳад. Ӯ ба ҷаҳониён нишон дод, ки подшоҳе метавонад ҳамзамон пирӯз дар ҷанг ва дӯстдори сулҳ бошад; дорои қудрат ва ҳамзамон хоксор; ҳукмрон ва ҳамзамон, хизматгузори мардум.
Ин идеал – подшоҳи одил ва мардуммеҳвар – баъдтар ба бисёр анъанаҳои сиёсии Шарқу Ғарб таъсир гузошт. Дар тафаккури давлатдорӣ, аз Эрон то Ҳинд ва аз Юнон то Рим, мафҳуми “подшоҳи одил” ба меъёри асосии ҳукумат табдил ёфт. Китоби “Киропедия” (“Тарбияи Куруш”) илҳомбахши сиёсатмадорони асри XVIII, аз ҷумла Томас Ҷефферсон, гардид, ки идеалҳои таҳаммул ва озодиро дар Конститутсияи Амрико таҷассум намуданд.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо низоъҳо, бетафоҳумӣ ва чолишҳои ахлоқӣ рӯ ба рӯ аст, бозгашт ба арзишҳои Устувонаи Куруши Кабир аҳамияти тоза пайдо мекунад. Ин санад ба мо илқо мекунад, ки қудрати воқеӣ дар адолат ва таҳаммул аст, на дар зӯр ва таассуб.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои чандинҳазорсолаи гузаштагон дар меҳвари сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар якҷоягӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари азизи мо кӯшиш дорад на танҳо арзишҳои миллӣ, балки дастовардҳои умумибашариро ҳифз намояд, ки дар он ҷойгоҳи махсуси халқи тоҷик мушоҳида мешавад. Чунонки Устувонаи Куруши Кабир ҳамчун рамзи адолат, ҳифзи ҳуқуқи мардум ва эҳтироми гуногунрангии фарҳангӣ дар таърих пазируфта шудааст, сиёсати нексиришту куҳанбунёди Тоҷикистон низ равона бар он аст, ки ҳам арзишҳои миллиро ҳифз намоем ва ҳам ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ саҳми арзандаи хешро дар тарғиб ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ гузорем. Ҳукумати кишварамон дар ин раванд, дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, пайваста кӯшишҳои бунёдкорона ва арзишмандро ба харҷ медиҳад, то мо ҳамчун ворисони аслии гузаштагон ва меросбарони фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои инсондӯстонаи гузаштагони хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз намоем.

Абдураҳмон ПӮЛОДОВ ,
директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон